Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Украина

Ба иттилои сомонаи вазорати корҳои хориҷӣ 13 декабри 2021 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюкро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи густариши муносибатҳои Тоҷикистону Украинаро баррасӣ карданд.

С.Муҳриддин ба В.Серватюк барои саҳми босазо дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуда, ба мавсуф муваффақият дар фаъолияти минбаъдаи давлатӣ орзу намуд.