БОЗОРИ БАРҚИ ТОҶИКИСТОН (эссе)

Кор аз ҷое шурӯъ шуд, ки бегоҳӣ бо дӯстам сари мизи шомхӯрӣ сӯҳбат доштем. Ӯ аз ман пурсид – Пагоҳ меравем ҳа?  Ман ҳам ҳайрон посух додам – Куҷо? Гуфт – пагоҳ як гурӯҳ рӯзноманигорон бояд ба Сарбанд (ҳоло Леваканд) сафар кунанд ва шиносоӣ бо кадом иншооте ҳаст. Одатан ман аз ҳар гурӯҳи журналистон, ки бо нақшаи худ ё ниҳоде ба куҷое сафар мекунанд хабардор ҳастам  ва дар бисёр вақт ҳамсафар, аммо аз ин нақша ё худ экскурсия барои рӯзноманигорон хабар надоштам. Пас аз оне, ки фаҳмидам боз дар ташкил кардани ин саёҳат яке аз дӯстонам саҳм дорад зуд ӯро занг зада аз ин рафтораш хеле суханҳои “хуб” гуфтам. Баъди ин ҳама ҳарфҳо, мо ҳам шомили ин гурӯҳ шудем.

Субҳ тибқи нақша дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе гирд омадем. Мисли одатҳои пештара аксар нафарон дер карданду қисми дигаре фиреб. Новобаста ба ин гурӯҳи рӯзноманигорон ба роҳ баромад. Намояндаи Вазорати энергетика ва захираҳои об ба тамоми журналистони дар дохили микроавтобус буда, варақи иттилоотӣ вобаста ба Лоиҳаи CASA-1000 тақсим намуд. Ман баъд аз ин амал ҳайрон мондам, зеро мо Сарбанд меравем. Барои чӣ маълумотномаи Лоиҳаи CASA-1000? Пас аз пурсиш фаҳмидам мо ба Зеристгоҳи конверторӣ бо иқтидори интиқолдиҳии 1300 мВт, ки дар Сангтуда мавҷуд аст  сафар дорем. Ман бошам намедонистам чунин иншооте дар вилояти Хатлон вуҷуд дорад. Чун ҳама медонем оғози расмии корҳои сохтмони дар доираи Лоиҳаи CASA-1000 12 майи соли 2016  дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвазирони Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон баргузор гардид буд. То он замоне, ки варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд ман фикр мекардам мо ба Нерӯгоҳи барқии обии Сангтуда меравем. Ҳамин тавр роҳи ҳамвор ва нав сохташудаи Душанбе – Бохтар, сӯҳбати гарми дӯстон моро хеле зуд ба макон расонд.

CASA-1000

Ин калима бо чор рақами дар паҳлӯяш буда, барои ҳама ошно аст. Дар ин бора расонаҳои давлатӣ бисёр мегӯянд ва мардум огоҳ ҳастанд. Чизи дигар ин яке аз лоиҳаҳои стратегӣ дар минтақаи Осиё ҳаст ва қариб 10 сол боз кор болои Лоиҳаи CASA-1000 давом дорад. Парлумони Тоҷикистон Созишномаи миёни Афғонистон, Қирғизистон ва Покистонро дар мавриди тарҳи бунёди хатти интиқоли барқи CASA-1000 ҳанӯз соли 2010 ба тасвиб расонид. Ин санади ҳуқуқӣ дар моҳи августи соли 2008 дар шаҳри Исломободи Покистон аз ҷониби чор кишвар ба имзо расида буд. Аз сабабе, ки кори ин лоиҳа бо энергияи сабз вобастагӣ дорад, шарикони бештаре барои маблағгузорӣ ва амалӣ сохтани он ҷалб гардид. Аз ҷумла Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки сармоягузории Аврупо, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Департаменти давлатии ИМА, Вазорати ҳамкориҳои байналмилалии Бритониёи Кабир (DFID) ва дигар шарикони рушд дастгирӣ менамоянд.

ИДОМАИ САФАР – ДАРОМАД БА БОЗОРИ БАРҚ

Ва ниҳоят мо рӯ ба рӯи дарвозаи зеристгоҳи конверторӣ. Ба дохили он даромадан кори хело мушкил. Нишонаи гузошташуда дар назди дарвоза ворид гардидани ҳар гуна мошинро маън мекунад. Пас аз санҷиш ва муаррифӣ ниҳоят мо вориди иншоот шудем. Аз тирезаи микроавтобус ба берун назар доштам ҳама дар сар тоскӯлоҳ ё худ каска, либоси ягона, бунгоҳи тиббӣ дар дохили иншоот як шаҳраки сохтумониро мемонд.

Ҳангоми расидан ба нуқтаи асосӣ моро роҳбари бехатарии зеристгоҳи конверторӣ бо иқтидори интиқолдиҳии 1300 мВт дар Сангтуда қабул кард. Пас аз шиносоӣ гурӯҳи рӯзноманигорон ба маҷлисгоҳ ворид шуданд. Давоми чанд дақиқа вобаста ба бехатарӣ дар дохили зеристгоҳ сӯҳбат сурат гирифт ва ҳар нафар дар паҳлӯи номи худ имзо гузошт. Ин имзо он маъноро дошт, ки ман алакай маълумоти бехатариро оиди ин зеристгоҳи конверторӣ медонам.  Кӯтоҳи гап ин, ки агар ягон ҳодиса шавад “ба ҷони худам худам ҷавобгар”. Сипас ба ҳама рӯзноманигорон пешниҳод шуд, то сару либос ва пойафзолҳои махсусро барои осеб нарасидан дар дохили иншоот ба бар кунанд.

Нахуст моро бо чанд муҳандиси ширкатҳои гуногуни кишварҳои Аврупоӣ, ки масъулияти сохтумони зеристгоҳи конверторӣ бар дӯш доштанд ошно карданд ва ҳамин тавр шиносоии мо бо зеристгоҳи конверторӣ бо иқтидори интиқолдиҳии 1300 мВт шурӯъ шуд. Ҳама гурӯҳ дунболи муҳандисон, онҳо ба муаррифии минтақаҳои ҷудогона ва бахшҳои муҳими зеристгоҳ машғул буданд. Ҳар нафаре, ки савол дошт вобаста ба он минтақа мепурсид ва посух мегирифт, ман бошам танҳо иншоотро мушоҳида мекардам. Симчӯбҳои оҳанин, битонхобонӣ ва калон будани ин зеристгоҳ аз ҷиҳати масоҳат ҳуши маро бурда буд. Ба андеша фурӯ рафта будам, ки инҷо чи гуна як филми хубе сохта мешавад, агар воқеа дар дохили зеристгоҳ сурат гирад. Бо қадам задани чанд метр рӯ ба рӯи мо трансформаторҳо баромаданд. Воқеан аз ҷиҳати ҳаҷм хело калон буданд ва саволи ҳама рӯзноманигорон як буд – Чи хел ин гуна трансформаторҳоро ба Тоҷикистон оварда шуданд? Бо роҳи заминӣ ё ҳавоӣ? Посух ин буд – Бо роҳи заминӣ. Зеро тайёраҳое, ки ин таҷҳизотро оварданд дар фурудгоҳи Тоҷикистон нишаста наметавонанд. Бинобар ин нахуст ба Қазоқистон бо роҳи ҳавоӣ сипас ба Тоҷикистон бо роҳи заминӣ сурат гирифтааст.

Мо роҳи худро ҳамроҳи муҳандисон идома додем. Яке аз онҳо бо нишон додани минтақаи нав ба мо гуфт: – Дар инҷо барқ филтр ё худ тоза карда мешавад. Воқеан, ин иттилои нав барои ман буд. Наход барқ ҳам тоза карда шавад. Чи хел як энергияе, ки чи қудрате дорад ифлос шавад. Аз рӯи гуфтаи муҳандисон замоне, ки нерӯи барқ ба ин зеристгоҳи конверторӣ  ворид мегардад нахуст тоза карда шуда, сипас ба кишварҳои ҳамсоя фиристода мешавад. Чизи дигаре, ки бештар таваҷҷӯҳи маро ҷалб кард, ин бехатарӣ дар ин зеристгоҳ буд. Ба тоскӯлоҳ ва либоси танам назар мекардам ва мегуфтам охир дар ин ҷо ҳоло барқ наомадааст, аз мушоҳидаҳо чизе барои хатар вуҷуд надорад чаро ин қадар бехатарӣ барои корманд ё меҳмон риоя карда мешавад? Ҳамчунин дар чор самти ин зеристгоҳи конверторӣ чор роҳи нави баромад сохта ба истифода дода шудааст ва бехатарии тамоми кормандонро ҳифз мекунад.

РӮ БА РӮ БО РӮЗНОМАНИГОР

Пас аз дидани минтақаҳои гуногуни зеристгоҳи конверторӣ, гурӯҳи муҳандисоне, ки моро бо ин иншоот ошно карданд сипос гуфта шуд ва сари як миз рӯ ба рӯ бо роҳбари Лоиҳаи CASA-1000 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Самиев нишастем, то ба тамоми саволҳои худ ҷавоб гирем. Дар қатори дигар рӯзноманигорон барои ман низ хело роҳат буд ин сӯҳбат. Зеро ҳолатҳои зиёде мешавад, ки барои гирифтан як посух бояд ба ин ё он ниҳод мактуб ирсол кунед, интизор шавед ва дар ниҳоят посухе дарёфт мекунед ё не номаълум. Ҳоло бошад робари Лоиҳаи CASA-1000 бе мактуб ба ҳама саволҳо посух медиҳад. Рӯзноманигорон навбат ба навбат савол дода посух мегирифтанд. Тамоми саволҳо муҳим ва саривақтӣ буданд. Миёни онҳо чунин саволе вуҷуд дошт “ – Бо тағйир хӯрдани вазъ дар Афғонистон, ки яке шарикони муҳими Лоиҳаи CASA-1000 мебошад тақдири ин лоиҳа чӣ мешавад?” Посух хушҳолкунанда буд, зеро гуфта шуд “ – Новобаста ба авзои печида дар Афғонистон кори лоҳа ҷараён дорад ва аз рӯи нақша бояд чор кишвар Афғонистон, Қирғизистон, Покистон ва Тоҷикистон  дар як вақт  корҳои сохтумониро ба анҷом расонанд”. Ин лоиҳа ба Тоҷикистон чӣ дода метавонад? Кадом хатарҳои эҳтимолӣ барои қатъи ин лоиҳа вуҷуд дорад? Муносибати шарикони лоиҳа ҳоло дар кадом сатҳ мебошад? Чаро маҳз шаҳри Сарбанд барои сохтумони ин зеристгоҳи конверторӣ интихоб гардид?  Ин иншоот ба чанд хонаи дар атроф буда зарар намерасонад? Чанд фоизи корҳо дар лоиҳа ба итмом расид? ва ғайра аз зумраи савоҳои муҳиме буданд, ки тамоми рӯзноманигорон посух гирифтанд.

БОЗГАШТ

Гурӯҳи рӯзноманигорон ба мошин савор шуданд. Мо ба роҳ баромадем. Ман аз ин сафари худ хело хушҳол будам. Зеро аз зеристгоҳи конверторие дидан кардам, ки ягона дар Осиёи Миёна аст. Аз ҷое дидан кардам, ки шояд дигар онҷоро набинам. Чунки пас аз ба истифода додани ин зеристгоҳ ворид ба он мамнуъ ва танҳо барои чанд коргар иҷозат дода мешавад. Пас аз дидани зеристгоҳи конверторӣ бо иқтидори интиқолдиҳии 1300 мВт дар Сангтуда ва маълумоти бештар гирифтан дар бораи он чунин хулосабарорӣ кардам, ки Тоҷикистон бозори барқи худро сохт. Лоиҳаи CASA-1000 беҳамто буда, аз бунёди он ҳам кишварҳои содиркунанда ва ҳам кишварҳои истеъмолкунанда суд хоҳанд дид. Агар кишварҳои содиркунанда ба даромади хуб даст ёбанд, пас кишварҳои истъемолкунанда низ бо нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон таъмин хоҳанд шуд, ки дар самти густариши робитаҳои иқтисодӣ ва аз байн бурдани камбуди нерӯи барқ хеле муҳим аст.

Ҳар сафари омӯзишӣ ва хотирмон дар ёдҳо ҳамеша мемонад. Солҳо мегузаранд ва ман ҳар куҷое як симчӯби оҳанинро, ки шохҳояш аз дуриҳо намоён аст мебинам ва медонам ин қисмате аз Лоиҳаи CASA-1000 аст. Лоиҳае, ки қалбаш дар Сангтуда метапад.

                                       Одина Маҳмад

Радиои “Тоҷикистон”