Чарлз Оливейра Дастин Порйеро дар UFC 269 мағлуб кард

12-уми декабр дар Лас Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мусобиқаи UFC 269 баргузор гардид. Дар набарди асосии ин мусобиқа қаҳрамони UFC дар вазни сабук, Чарлз Оливейраи бразилӣ бо роҳи таслимкардани рақиб, Дастин Порйеи амрикоиро ноком карда, камарбанди қаҳрамониро дар вазни сабук ҳифз кард.

Оливейраи 32-сола ғалабаи 9-уми пай дар пайи худро дар UFC ба даст овард. Рақобат миёни Чарлз Оливейра ва Дастин Порйе се раунд идома кард. Дар раунди аввал Дастин тавонист аз худ ҳунари воло нишон диҳад ва рақибро муштборон кунад. Ҳамин тавр раунди аввал бар нафъи Порйе хотима ёфт. Вале дар оғози раунди дуюм Оливейра аз худ маҳорати баланд нишон дода, барои размовари амрикоӣ мушкили эҷод кард.

Дар оғози раунди сеюм варзишгари Бразиля имкон пайдо кард, то ки рақибро ба таслимшавӣ маҷбур намояд ва ғалаба ба даст биёрад. Рақобати ин ду размовар муҳорибаи асосии UFC 269 ба ҳисоб мерафт. Қаблан Дастин Порйе соли 2019 барои ба даст овардани камарбанд аз Ҳабиб Нурмагомедов низ шикаст хӯрда буд.