Ба иттилои сомонаи вазорат 9 декабри соли 2021 Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Мониторинг ва арзёбӣ”-ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуд.
Дар ҷаласа аъзои Гуруҳи кории байниидоравӣ бо нақши Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун платформаи таҳияи сиёсати умумии рушди устувор, вазифа ва функсияҳои Гуруҳи корӣ, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад, шинос шуданд.
Иштирокчиёни нахустҷаласаи гурӯҳи корӣ рафти иҷрои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2016-2020 муҳокима намуданд. Суръати баланди рушди иқтисодиёт дар муқоиса бо дигар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, афзоиши умумии сатҳи зиндагонии аҳолӣ, инчунин дигаргуниҳои мусбии сохторӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт қайд карда шуд. Бо вуҷуди ин, паҳншавии COVID-19 барои ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишуда таъсири назаррас расонд ва аз ин рӯ, ҳангоми татбиқи БМР барои солҳои 2016-2020 натиҷаҳои пешбинишуда танҳо дар доираи 50% нишондиҳандаҳои пешбинишуда ба даст оварда шуданд ва инчунин сабақҳои омухташуда, тавсияҳо ва таҳлилҳо дар раванди таҳияи лоиҳаи БМР барои солҳои 2021-2025 ба инобат гирифта шудаанд.
Дафтари JICA нақшаи барномаи омӯзиширо, ки ба баланд бардоштани иқтидори хизматчиёни давлатӣ дар соҳаи таҳияи сиёсат ва лоиҳаҳо, арзёбӣ ва идоракунии давраи ҳаётии лоиҳаҳо нигаронида шудааст, муаррифӣ намуд, ки айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад. Тибқи барномаи омузиши баланд бардоштани иқтидори ҳазор нафар хизматчиёни давлатӣ дар назар аст, ки минбаъд онҳо ба ҳайси мураббӣ оид ба масъалаҳои арзёбӣ фаъолият хоҳанд кард.
Дар рафти ҷаласа низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ гашта, фарқияти асосии он аз низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ҳамчунин ҳамгироии ҲРУ дар таҳияи барномаҳои соҳавӣ муҳокима шуд.
Дар анҷоми ҷаласа модули омӯзишӣ барои тақвияти иқтидори аъзои Гуруҳи корӣ гузаронида шуд, ки то 10 декабр идома ёфт. Ҳадафи асосии модули омӯзишӣ ба иштирокчиён таълим додани асосҳои банақшагирии стратегии соҳавӣ, сафарбарнамоии захираҳо, инчунин низоми мониторинг ва арзёбӣ мебошад.
Бо мақсади такмил додани низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ ва ҲРУ, Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳҳои корӣ ташкил медиҳад, ки аз намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд иборатанд. Дар маҷмуъ 14 гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд мувофиқи самтҳои соҳавии рушди фарогири афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва ҲРУ ташкил карда шудаанд.