Миҷгона Самадова – қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон гардид

Аз 7-11 декабр дар шаҳри Нижневартовски Федератсияи Россия мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои ихроҷкунандаи нафт” баргузор гардид, ки дар он узви мунтахаби Тоҷикистон сазовори медали тилло гардид.

Миҷгона дар вазни 57кг миёни бонувон Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Ӯ дар даври аввал рӯзи 7-уми декабр Мишидма Эрденеделайро аз Муғулистон шикаст дода ба даври 1/4 финал роҳ ёфт. Рӯзи 8-уми декабр варзишгарбонуи тоҷик намояндаи Полша Моника Серафинро ноком карда ба даври нимфиналӣ баромад. 9-уми декабр Самадова дар даври нимфинал варзишгари рус Малика Шаҳидоваро мағлуб карда ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Рӯзи 11-уми декабр дар рақобати финалӣ Миҷгона Самадова бар Мунгунсаран Балсан намояндаи Муғулистон дастболо шуда, бо медали тилло ва ҷоизапулӣ сарфароз гардид.


Дар ин мусобиқа, 139 варзишгар аз ҷумла (105 мард ва 34 зан) аз 16 давлати рӯи дунё иштирок карданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 6-варзишгари дигар Акбаралӣ Абдураҳмонзода (51кг), Абдураҳмон Ёқубов (60кг), Шамшер Саидов (67кг), Наврӯз Ҷафоев (86кг), Сулаймон Нидоёров (+92кг) миёни мардҳо ва Шоира Зулқайнарова (60кг) миёни бонувон муаррифӣ намуданд, ки ин варзишгарон дар даврҳои аввал аз ҳарифонашон ноком гардиданд.