Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар солҳои 2005-2021 Ангела Меркел барқия ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ,
Бо камоли сарфарозӣ ба Шумо барои дӯстии самимӣ, ҳусни эътимод ва ҳамкории пайваста тайи фаъолияти самарабахшатон ба сифати Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон сипоси амиқи ин ҷонибро иброз медорам.
Бо хотироти нек аз мулоқоту сӯҳбатҳое, ки тайи солҳои гузашта бо Шумо доштам, мехостам таъкид намоям, ки мо нақши Хонуми Олиҷоҳро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Олмон муҳим арзёбӣ карда, ба хизматҳои Шумо дар ин ҷода арҷгузорӣ менамоем.
Умедворам, ки анъанаҳои равобити ҳасана ва шарикии байни кишварҳои мо минбаъд низ рушд ёфта, арсаҳои нави ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро фаро хоҳанд гирифт.
Ба Шумо сиҳатмандии комилу саодати рӯзгор ва ба мардуми дӯсти Олмон пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзумандам».