6 декабри соли 2021 дар Қоҳира ҷаласаи Шӯрои иҷроияи Созмони ҷаҳонии исломии маориф, илм ва фарҳанг (ICESCO) баргузор гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ иштирок намуд, хабар медиҳад сомонаи вазорати корҳои хориҷӣ.
Дар рафти ҷаласа лоиҳаи рӯзномаи иҷлосияи 14-уми Конфронси генералии созмон, гузориши иҷроия дар бораи фаъолияти ICESCO дар соли 2021, ҳисоботи молиявии Созмон дар соли 2021, Гузориши ICESCO оид ба саҳмҳои кишварҳои узв дар соли 2021, пешниҳодҳо роҷеъ ба беҳтар намудани устувории молиявии ICESCO, ҳамчунин лоиҳаи нақшаи амали буҷети дусола барои солҳои 2022-2023, як қатор ҳуҷҷатҳои маъмурию ҳуқуқӣ ва таклифу пешниҳодҳо қабул гардиданд.