Имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон дар раванди ҷаҳонишавӣ» Конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид.
Конфронси мазкур бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир шуд.
Декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Раҳмон Дилшод нақш ва мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро дар инкишофи қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон баланд арзёбӣ намуда, гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд. Бинобар ҳамин баргузории конфронси мазкурро метавон идомаи сиёсати давлатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳуқуқи инсон унвон кард.
Зикр шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи баланди илмӣ дар инкишофи низоми ҳуқуқии кишвар ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нақши бориз мегузорад. Мавсуф нақш ва мавқеи миллати тоҷикро дар масири таърих дар роҳи шинохти ҳуқуқи инсон ва эҳтиром гузоштан ба он бисёр баланд арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки Эъломияи Куруши Кабир бори нахуст ҳуқуқи инсонро дар таърихи башарият муайян намуда, минбаъд баҳри қабул намудани санадҳои дигар дар самти ҳуқуқи инсон заминаи асосӣ гузоштааст.
Дар ҷаласаи пленарии ҳамоиш зиёда аз 19 маърӯза дар мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ба мисли дурнамои рушди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, озодӣ ва ҳуқуқи инсон, инкишофи технологияҳои муосир ва баъзе масъалаҳои амалишавии ҳуқуқҳои корпоративӣ, ҳуқуқи инисон дар афкори башар ва ғайра пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён баргузории чунин ҳамоиши сатҳи баландро нишони Ваҳдати миллӣ, тинҷиву амонӣ ва самараи Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки арзиши олӣ эълон шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ маҳз самараи даврони соҳибихтиёрист.
Машраб Маликов
Радиои “Тоҷикистон“