Садои мардум: “Кишоварзон наздики 800 ҳазор тонна картошка ҳосил гирифтаанд” (ШАРҲИ МАТБУОТ)

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 1 декабр дар саҳифаи аввал хабари маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мулоқоти Пешвои миллат бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳури  Корея, инчунин шарҳи пурраи қонун «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022»-ро ба нашр расонидааст.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 2 декбар матлабе бо номи “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босубот аст” нашр карда, менависад, ки ахиран дар Маҷлиси Намояндагон дар мавзӯи ташхиси зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.

Муовини якуми раҳбари Агентии мубориза бо коррупсия Суҳроб Сафарзода гуфтааст, ки солҳои 2019 — 2020 ва 9 моҳи соли 2021 ҷиҳати пешниҳоди хулосаи зиддикоррупсионӣ, ба ин ниҳод дар умум, 3077 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид гардид.

Ба гуфтаи Суҳроб Сафарзода аз ин миён 144 лоиҳаи санад  ба додани қитъаҳои замин рабт дошт ва дар натиҷаи гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ дар 29 адади онҳо омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор гардид, ки дар натиҷа аз ғайриқонунӣ ҷудо карда шудани зиёда аз 600 гектар замин пешгирӣ карда шуд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 30 ноябр бо истинод ба Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки соли ҷорӣ кишоварзони кишвар ҳосили хуб ба даст оварданд. Ба гуфтаи ин манба то 24 ноябри соли ҷорӣ ҳосили майдони умумии 34182 гектари нақшавӣ пурра ҷамъоварӣ шуд.  Ҳосили умумии ҷамъоваришуда наздики 800 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта беш аз 153 ҳазор тонна зиёд буда, ҳосилнокии миёна аз ҳар гектар  231,9 сентнерро ташкил медиҳад.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 1 декабр матлабе бо номи “Рашки амирон харобазор шуд.”  чоп карда, навиштааст, ки дар маркази шаҳри Панҷакент яке аз ёдгориҳои муҳиму арзишманди қарни 18  Мадрасаи Мир Олим Додгоҳ аз сабаби бетаваҷҷуҳӣ валангор мешавад, вале касеро парвое нест. Муаллиф дар идома менависад, ин мадраса, ки солҳои 1828-1830 сохта шуда, дар замони худ рашки амир Насруллоҳи манғит шуда буд, феълан ба харобазор дар қалби Панҷакенти бостонӣ табдил шудааст.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки Тағоймурод Розиқов ҳунарманди шинохтаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода 75 сола шуд.

Муаллиф менависад Тағоймурод Розиқов дар теарту синамо ва телевизион беш аз 150 нақши хурду бузург бозидааст, ки маъруфтарини онҳо нақши раиси ланг, Ленин, Айнӣ, ва Туғрал мебошанд. Мавсуф аз соли 1971 то кунун дар Театри ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фаъолият дошта, ҳамзамон дар донишкадаи фарҳангу санъта ба донишҷӯён дарс мегӯяд.

Дар ҳамин ҳол Тағоймурод Розиқов дар яке аз суҳбатҳои охири хеш гуфтааст, ки вазъи театри тоҷик бисёр хароб буда, маблағгузорӣ барои фаъолияти театрҳо сол ба сол камтар мешавад ва аз сӯи дигар телевизион, интернет, синамо ва шабакаҳои моҳвораӣ боиси бад шудани вазъияти молии театрҳо шудаанд.

Ҳафтаномаи “СССР”  дар шумораи рӯзи 2 декабр дар мақолае бо номи “Ҷоизаҳои бепулу пулдор” аз бетаваҷҷуҳии мақомоти давлатӣ ба рӯзноманигорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод кардааст. Муаллиф менависад, вақте ки дуторнавоз, сароянда, раққоса, ва китобхона даҳҳо ҳазор сомони туҳфа мегирнаду ҷоизаи Лоҳутӣ бузургтарин мукофоти журналисикаи тоҷик 1 танга пул надорад, дар мавриди кадом ҷанги иттилоотӣ ва рушди журналситика метавон ҳарф зад?

Ба хулосаи муаллиф агар бархурди масъулин бо муҳимтарин ниҳоди таблиғотиву идеологӣ ҳамин аст, пас чи лозим аст Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва усулан ин касб?

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 2 декабр мақолае бо номи “Об ҳаст, аммо барқ нест”  нашр карда, навиштааст, ки сатҳи оби обанбори Норак дар нуқтаи болотарин қарор дошта, ҳаҷми маҷрои руди Вахш ва захираҳои оби обанбор барои таъмини кишвар бо неруи  барқ ва содироти он басанда аст.

Нашрия аз қавли масъулини неругоҳи Норак навиштааст, ки маҳдудият дар интиқоли неруи барқ ба манотиқи Тоҷикистон, ба захираҳои оби обанбори Норак бастагӣ надорад.

Дар ҳамин ҳол нашрия бо такя ба омори расмӣ иттилоъ медиҳад, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 89.4 млн доллар неруи барқ содирот кардааст, ки нисабти соли гузашта 36.1 млн доллар зиёд аст.

Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре фаъолияти низоми “Равзанаи ягона” барои соҳибкоронро баррасӣ кардааст, ки аз таъсиси он 11 сол сипарӣ мешавад. Муаллиф аз қавли бархе соҳибкорон навиштааст, ки бо вуҷуди он ки бархе сабукиҳо мушкилот дар сатҳи хизматрасонӣ ҳамоно боқӣ мондааст. Аз ҷумла ба гуфтаи соҳибкорон дар аксари маврид муҳлатҳои сабти аснод ва ё дарёфти иҷозатнома дар “Равзанаи ягона” риоя намешавад.

Дар ҳамин ҳол Фарҳод Билолзода раҳбари гурӯҳи кории махсуси вазорати саноат таъкид кардааст, ки бо роҳандозии пурраи низоми санади электронӣ ва имзои электронӣ, мушкилоти мавҷуд дар заминаи табодули аснод миёни мақомоти мухталиф аз байн меравад.

Ҳафтаномаи “Фараж”  дар шумораи рӯзи 1 декабр мақолаи таҳлилие бо номи “13 сол бо Минтақаҳои озодӣ иқтисодӣ” нашр карда савол гузоштааст, ки чаро он мехостем нашуд?

Ба навиштаи муаллиф дар 13 соли охир дар Тоҷикистон панҷ Минтақаи озодӣ иқтисодӣ тасъсис шуд, аммо дар ин муддат дар онҳо танҳо 40 корхона сабти ном шудааст. Муаллиф аз қавли коршиносон навиштааст, ки мушкили аслӣ дар рушд накардани Минтақаҳои озодӣ иқтисодӣ, ҳолати бади зерсохтҳои зарурӣ, набудани тарғиботу сатҳи пасти тахасуси мудирони ин марказҳо дониста мешавад.

Зиёратшоҳ Аҳмадов

Радиои Тоҷикистон