IJF – рӯйхати мусобиқаҳоро дар соли 2022 пешниҳод кард.

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар саҳифаи расмиаш мусобиқаҳои дар соли 2022 баргузор мегардидаро кард.

Тибқи иттилои федератсия дар соли 2022 11-мусобиқаи “GRAND SLAM”, 2-мусобиқаи”GRAND PRIX”, мусобиқаи “MASTERS” (беҳтаринҳои сол) ва Чемпионати ҷаҳон баргузор мегардад. Дар умум, дар соли 2022 баргузории 15-мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ аз ин риштаи варзиш дар назар аст.

Барои варзишгарони тоҷик ин мусобиқаҳо ҷиҳати ба даст овардани имтиёзҳои зарурӣ, барои роҳ ёфтан ба бозиҳои тобистонаи олимпӣ Paris-2024 имконияти хело хуб хоҳад буд.


Лозим ба ёдоварист, ки дар охирин мусобиқа аз ин риштаи варзиш дар соли 2021 ҷудочиёни тоҷик тавонистанд, яку якбора се медали “GRAND SLAM” ба даст биёранд.