Дар доираи бозии даври 14-уми Пример Лигаи Англия байни дастаҳои “Манчестер Юнайтед” ва “Арсенал” бозии бисёр ҷолибу диданӣ сурат гирифт. Бозӣ дар майдони Олд Траффорди шаҳри Манчестер доир гардида, ба фоидаи мизбонон хотима ёфт.
Ҳамлавари португалии дастаи “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналду тавонист дар ин рақобат ду гол ба самар расонида, дар ҷаҳони футбол рекорди нав гузорад. Ӯ дар дақиқаи 52-юми дидор тавонист аз партофти Маркус Решфорд хуб истифода карда, голи 800-уми худро дар корномаи варзишиаш ба самар расонад.
Голи 801-уми ҳамлавари португалӣ аз зарбаи 11-метра (пеналтӣ) ба ҳадаф расид. Футболбози 36-сола 450-голи худро бо либосҳои “Реал Мадрид”, 115-гол бо либосҳои тими мунтахаби “Португалия”, 101-гол аз ҳайати “Ювентус”, 5-гол аз ҳайати “Спортинг” ва 130 гол аз ҳайати “Манчестер Юнайтед” ба самар расонидааст. Ҳамин тариқ, Криштиану Роналду аввалин футболбозе гардид, ки дар футболи касбӣ ба ин натиҷа даст ёфт.