Оғози даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  оғоз гардид.

Дар оғози маросими кушодашавии озмун  муовини сарвазири ҶТ Матлубахон Сатториён суханронӣ намуда, роҳандозӣ гардидани Озмуни мазкурро саривақтӣ арзёбӣ намуда, илова кард, ки миллати тоҷик аз қадим китобдӯст ва бофарҳанг буда, Пешвои муаззами миллат маҳз ба хотири боз ҳам вусъат бахшидани  ҳисси китобдӯстии шаҳрвандони ҷумҳурӣ озмуни мазкурро роҳандозӣ намудаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд,  дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 510 нафар довталаб аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок менамоянд. Дар суҳбат бо мо чанд тан аз  иштирокчиёни озмун ибрози андеша намуда ќайд карданд, ки  ба даври ниҳоии озмун  бо омодагии ҷиддӣ омадаанд ва аз худ боварӣ доранд, ки дар ин давр низ муваффақ мегарданд.

Озмун аз рӯи панҷ номинатсия баргузор гардида, дар он ғолибони даври сеюм, ки ба даври ниҳоии он роҳхат ётаанд, иштирок менамоянд. Ҳоло рақобати зеҳнӣ дар 5 наминатсия миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ доир гардида истодааст ва аз номинатсияҳои Озмун дар хабарҳои баъдии гузориш медиҳем.

Парвина Самандарзода

 Радиои “Тоҷикистон”