Аз Вазорати мудофиаи кишвар ба радиои «Тоҷикистон» хабар доданд, ки нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ пурра иҷро гардид.
Фаридун Маҳмадализода, сухангӯйи Вазорати мудофиа дар суҳбат бо Радиои “Тоҷикистон” дар ин бора иттилоъ дода, афзуд, ки даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз аз окябри соли равон оғоз гардида 30-юми ноябр дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакати пурра ба анҷом расид.
Аммо Маҳмадализод илова намуд, ки тибқи моддаи 28 ҚҶТ “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” шаҳрвандонри синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи ҶТ то оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба комисариатҳои ҳарбии маҳалли зисти хуб даъват карда мешаванд.
Наҷибуллои Ҳомидҷон
Радиои “Тоҷикистон”