Дирӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар кори ҷаласаи якҷояи Шӯро ва ҷаласаи чордаҳуми пленарии АБ СААД иштирок намуданд, хабар медиҳад сомонаи Маҷлиси намояндагон.
Ҷаласаи мазкур дар сиғаи омехта таҳти раёсати – Раиси АБ СААД, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин доир гардид.
Тибқи барнома дар ҷаласа намояндагони кишварҳои аъзои ин Созмон – Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар назди иштирокчиёни ҷаласаи мазкур Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода роҷеъ ба мавзӯи «Татбиқи самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 2021» баромад намуда, иброз намуд, ки «итминон дорам, ки дар шароити душвори имрӯза давлатҳои узв метавонанд якҷоя амният ва суботро дар минтақаи масъулияти ин Созмони бонуфуз таъмин намоянд».
Дар ин замина, -гуфт Маҳмадтоир Зокирзода, – мехоҳам таъкид намоям, ки давраи раёсати Тоҷикистон ба давраи афзоиши чолишҳои фавқулодда ва таҳдидҳо ба минтақаи амнияти дастаҷамъӣ рост омад.
Дар баробари таназзули шадиди вазъи низомию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии Афғонистон, марҳалаи хатарноки пандемияи COVID-19, ки боиси буҳрони тӯлонии иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар миқёси ҷаҳонӣ гардид, таъсири манфиро идома дод.
Натиҷаҳои кори муштаракамонро ҷамъбаст намуда, мехостам таъкид намоям, ки мо дар доираи Созмон дар маҷмӯъ муяссар шудем, ки ҳамоҳангсозии фаъолонаи мавқеъҳои сиёсати хориҷии тарафҳоро таъмин намуда, сатҳи баланди ҳарбию сиёсиро нигоҳ дорем, хамкории мутакобила, аз чумла тавассути робитаҳои байнипарламентй мустаҳакам намоем .
Умедворем, ки натиҷаҳои корҳои анҷомёфта ва қарорҳои қабулшуда, дар давраи гузашта ба боз ҳам таҳкими иқтидори СААД мусоидат мекунанд.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалию минтақавӣ, натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ тайи давраи раёсати Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мавзӯъҳои марбут ба вазъияти ниҳоят мураккаби Афғонистон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Иштирокдорони ҷаласаи Шӯро ҳамчунин як қатор масъалаҳои рӯзнома аз ҷумла «Дар бораи татбиқи самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, дар соли 2021», «Дар бораи афзалиятҳои Ҷумҳурии Арманистон дар давраи раёсати ҷумҳурӣ дар СААД», «Дар бораи ҷамъбасти ҷаласаи моҳи сентябри 2021 Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, вазъ дар минтақаи масъулият ва тадбирҳои муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ», «Дар бораи меъёрҳои интихоботи демократӣ дар кишварҳои узви СААД ва мухофизати онхо аз дахолати хоричй», «Дар бораи лоиҳаи санадҳои намунавии қонунгузорӣ ва тавсияҳо, ки бо ташаббуси Кумитаи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният ворид шудаанд», «Дар бораи лоиҳаи қонуни намунавии СААД «Дар бораи амнияти иттилоотӣ», «Дар бораи лоиҳаи қонуни намунавии СААД «Дар бораи фаъолияти сулҳомез ва куввахои сулхпарвар», «Дар бораи лоиҳаи Тавсияҳо оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузории давлатҳои аъзои СААД дар соҳаи хизмати давлатӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД оид ба наздикшавӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД барои солҳои 2021-2025 (30 ноябри соли 2020)-мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.