Баррасии «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат» дар Маҷлиси намояндагон

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат» мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад сомонаи Маҷлиси намояндагон.

Зимни баромади хеш Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло иброз намуд, ки  «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат» аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Дурнамои мазкур мутобиқи моддаҳои 4 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия гардида, самтҳои асосии сиёсати пулию қарзиро барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат  муайян менамояд.

Дурнамои зикргардида пеш аз ҳама барои ноил шудан ба мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон – нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат тавассути механизму воситаҳои татбиқшавандаи сиёсати пулию қарзӣ равона мегардад.

Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат самтҳои асосии ташкили механизми самараноки таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, гузариши ботадриҷ ба реҷаи нав – ҳадафгирии таваррум бо назардошти коҳишдиҳии хавфҳои ҷойдоштаро дар бар гирифта, баҳри ноил шудан ба нишондиҳандаи мақсаднок равона мегардад.