Аз маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба мо иттилоъ доданд, ки Гирдиҳамоии ғайриқонунӣ, ки баъди нисфирӯзии 25-уми ноябр дар шаҳри Хоруғ аз тарафи баъзе гурӯҳҳои манфиатдор оғоз шуда буд, соати 20:00-и 28-уми ноябри соли ҷорӣ қатъ карда шуд.
Дар изҳороти Ситоди мазкур, ки 28-уми ноябр пахш гардид, гуфта мешавад:
Масъалаҳои мавриди назар дар доираи салоҳияти мақомоти Прокуратура дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш, арзёбӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд.
Тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд.
Фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар хиёбони марказӣ ҳам ба низом даромад. Нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ тибқи реҷаи муқарраршуда кори худро идома дода истодаанд.