Ҳамасола баробари фаро расидани фасли зархези пойиз барои марди деҳқон мавсими нав-мавсими киштукори тирамоҳӣ оғоз меёбад.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки аллакай дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат кишти тирамоҳии зироати кишоварзӣ шурӯъ гардидааст. Ба иттиллои соминаи Вазорати кишоварзии мамлакат барои замина гузоштан ба ҳосили соли 2022 тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми октябри соли 2021 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ кишти сабзавоти барвақтӣ дар майдони 7 ҳазору 634 гектар, аз он пиёз 5 ҳазору 930 гектар, карам 326 гектар, сабзӣ 1 ҳазору 38 гектар, сирпиёз наздики 10 гектар, дигар сабзавотҳо 331 гектар ва сабзавоти тухмӣ 75 гектар гузаронида шудааст. Инчунин дар ин давра хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ кишти тирамоҳиро барои дон дар майдони 8 ҳазору 798 гектар гузаронидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 2 гектар зиёд мебошад.
Тош Нарзуллоев аз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар суҳбати рў ба рў бо ҳамкорам Муродулло Раҳимов мегўяд, ки интихоби муҳлати дурусти кишти тирамоҳӣ дар баробари тухмии аълосифату шудгори саривақтӣ омили асосии серҳосилии зироат мебошад.
Заҳролуд намудани тухмии киштшаванда аз омилҳои аслии ба даст овардани ҳосили дилхоҳ аст. Гузашта аз ин кишоварзони соҳибтаҷриба меъёри истифодаи тухмиро яке аз рукнҳои аслии ба даст овардани хирмани пурбор медонанд. Ҳамсуҳбати мо коршинос Тош Нарзуллоев мегўяд, ки агар марди деҳқон омилоти мазкурро мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳанд, ҳатман дурри мақсуд ба даст меоранд.
Сифати шудгори тирамоҳӣ низ ба ҳосилнокии зироат таъсири худро мерасонад. Захираи намии хок аз сифати шудгор вобастагӣ дорад. Мегўяд дар идомаи суҳбат коршинос Тош Нарзуллоев аз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Ҳамсуҳбати мо коршинос Тош Нарзуллоев боварӣ дорад, ки дар баъзе аз манотиқи кишвар деҳқонон пас аз ҷамъоварии гандум ғаллазорро оташ мезананд, ки ин ба манфиат нест. Ҳангоми сӯхтор микрофлора нобуд мешавад. Хуб мешуд, ки кишоварзон ба ҷои сӯзонидани гандумзор аз киштгардон истифода мекарданд.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки киште, ки дар моҳҳои октябр ва ноябр гузаронида мешавад, ҳосили хуб ба бор меорад. Тавре ҳамсуҳбати мо иброз доштанд, агар марди деҳқон дар ин росто агротехникаи парвариши зироат, истифодаи самараноки замин ва нурии менералӣ, инчунин усулҳои дурусти киштгардони заминро дуруст ба роҳ монад, ҳатман муваффақ мегарданд. Набояд фаромўш кард, ки амнияти озуқавории мамлакату фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз фаъолияти имрўзаи марди деҳқон вобаста аст. Пас, барояшон мувафаққият таманно дорем.
Муродулло Раҳимов,
радиои Тоҷикистон