17 ноябри соли 2021 дар шаҳри Анкараи Ҷумҳурии Туркия бо ташаббуси Сафорат чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ ба муносибати «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Пешвои мо – ифтихори мо» доир гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло тариқи маҷозӣ ва доираи васеи шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳрҳои Истанбул, Анкара, Анталя, Коня ва Карабуки Ҷумҳурии Туркия таҳсил менамоянд иштирок карданд, дарҷ гардидааст дар сомонаи сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия.
Чорабиниро Сафири Фавқуллодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анкара Ашрафҷон Гулов ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар даврони соҳибихтиёрии кишвар, саҳми бузурги Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати навини тоҷикон ва аҳамияти баргузории «Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар хориҷи кишвар, ба ҳозирин иттилоъ дод.
Ҳамзамон Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло дар суханронии худ дар бораи ҷоннисориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба Истиқлолияти давлатӣ маълумот дода, донишҷӯёнро ба илмомӯзӣ, дӯст доштани Ватану меҳани хеш, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ҳидоят намуд.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён бо маърӯзаҳои илмии хеш оид ба паҳлуҳои гуногуни хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад карда, навору видео ва лавҳаҳои тарбиявӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон ба намоиш гузошта шуд.
Дар поёни чорабинӣ ба ҳозирин зиёфати идона ороста шуда, фазои дӯстӣ ва самимӣ байни шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия фароҳам оварда шуд.