Ба иттилои сомонаи вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ноябри 2021 дар Анқара бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ҷаласаи корӣ бо иштироки муовини вазири саноат ва технологияҳои Туркия Четин Али Донмез ва муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Солеҳзода Умедҷон ҷиҳати пайгирии мувофиқаҳои ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дарёфти роҳҳои саривақт ва самараноки татбиқи Нақшаи амали муштараки он, ташкил ва баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи мазкур, инчунин масъулини вазорату идораҳо ва намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар шакли маҷозию ҳузурӣ иштирок намудаанд.
Зимни мулоқот иштирокчиён роҳҳои татбиқи бандҳои дахлдори Нақшаи амали зикршуда вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, нақлиёт, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, энергетика, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ, инчунин санадҳои дар доираи ҷаласаи Комиссия ва Форуми саноатӣ-иқтисодии Тоҷикистону Туркия имзошударо баррасӣ карданд.
Дар маҷмӯъ, вохурӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мусоҳибаи созанда барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва омодагӣ ба ташкили ҷаласаи навбатии Комиссия дар шаҳри Анқара дар соли 2022, сурат гирифт.