Муаллифи ин китоби тозанашр доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, проофессор А. Холиқзода буда, ба фаъолияти созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, ки дар он нақши воқеии давлатсозӣ, миллатташаккулдиҳӣ, фарҳангсозӣ ва ваҳдатофарии Пешвои миллати тоҷикон таҷассум ёфтааст. Дар ин бора сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар сарсухан ба китоб менависад:
Асаре, ки дар дасти шумост хонандаи гиромӣ рисолаи олими тоҷик, ҳуқуқшиноси варзида Холиқзода Абдураҳим Ғаффор аст, ки роҷеъ ба нақши Пешвои муаззами миллат дар бунёд ва таъсиси давлатии миллии тоҷикон бахшида шудааст. Сазовор ба қайд аст, ки муаллиф дар асоси таҳлили маводи мавҷудаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ нақш ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз давраи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъдан ба ҳайси Президенти мамлакат интихоб шуданашон давра, ба давра дар заминаи тағйироти мавҷудаи давлатдорӣ ва натиҷаҳои ба дастомада, таҳлил намуда, хулосаҳои амиқи илмӣ дар раванди давлатсозии миллати тоҷик ироа менамояд.
Новобаста аз он ки маводи гирдовардашудаи муаллиф дар давраҳои мухталифи давлатсозии Пешвои миллат иншо шуда, ҷо-ҷо такрорёбии фикру андешаҳо аз ҷанбаҳои гуногун ба назар мерасад, вале дар маҷмӯъ маҳз ҳамин гуногун такрорёбиҳо имкон фароҳам меорад, ки симои воқеии Пешвои давлатсози миллати тоҷик комилтару ҷиддитар дар ҳамбастагӣ бо ҳодисоти таърихӣ воқеӣ инъикос ва муаррифӣ гардад.
Назари муаллиф ва пешниҳодҳои ӯ дар масъалаҳои эътирофи илмӣ ва ҳуқуқии нақши роҳбари давлати тоҷикон дар давлатсозӣ, миллатташаккулдиҳӣ, таҳияи низоми ҳуқуқӣ, таъсиси иқтисоди миллӣ ,эҳёи арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ воқеан асосҳои илмӣ дошта, инъикосгари заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташаккул ва рушди давлати мустақили Тоҷикистона мебошад. Муаллиф тавонистааст, ҳар хулоса ва пешниҳоди худро дар заминаи таҳлили ҳодисаҳои мушаххаси таърихӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар таърихи миллати мо аҳамияти бениҳоят бунёдӣ доранд, асоснок карда, бо овардани мисолу намунаҳо аз таърих ва таҷрибаи давлатҳои муваффақ мафкураи хонандаро ҷиҳати мутаҳҳид шудан атрофи ғояҳои созандаи Пешвои миллат ҳидоят созад.
Итминони комил дорем, ин асар, ки саршори ғояҳои худшиносии сиёсӣ, миллӣ ва маводи таҳлилӣ – илмист, ки таъсири нек ба мафкураи сиёсӣ ва миллии хонандагон расонд.