Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ба муҳимтарин масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ва минтақа таваҷҷуҳ кардаанд. Натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Белгия ва Фаронса, ояндаи норушани Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, афзоиши нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт, таҷлил аз иди Меҳргон дар Тоҷикистон аз ҷумлаи мавзуҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи пойтахт аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 19 октябр мақолаи Ёдгор Файзов муовини раиси Маҷлиси Миллӣ ва раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва таҳкими давлатдории тоҷикон” чоп кардааст. Муаллиф дар мақола таъкид мекунад, ки таҳти раҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи сарбаланди тоҷик тавонист, ки дар муддати кӯтоҳтарини таърихӣ аз имтиҳони ҷиддии таърих бори дигар бо сари баланд баромада, давлату марзу бум, ҳувияти миллӣ ва тамоми дастовардҳои тамаддунию фарҳангии онро ҳифз намуда, ҷойгоҳи сазоворро дар арсаи байналмилалӣ дарёфт намояд.
“Ҷумҳурият” дар матлаби дигари ин шумораи хеш навиштааст, ки парвариш ва истеҳсоли гӯшти моҳӣ дар вилояти Суғд дар соли 2020 ба 800 тонна расид, ки ин нишондод ба мизони истеҳсоли моҳӣ дар солҳои 80-уми қарни гузашта баробар шудааст.
Муаллиф аз қавли мутахассисони соҳа навиштааст, ки ҷиҳати рушди бештари соҳаи моҳипарварӣ Тоҷикистон ба мутахассисони касбӣ, яъне ихтиологҳо ниёз дорад. Зеро зарур аст, ки парвариши моҳӣ шабу рӯз таҳти назорати мутахассисон қарор дошта бошад ва танҳо бо ин роҳ ба натиҷаи дилхоҳ расидан мумкин аст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи 19 октябр дар матлабе навиштааст, ки Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Ҳисор дорои панҷ нақлиёт буда, мутаассифона, ҳамаи онҳо дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд.
Бино ба қавли масъулон, онҳо ҳар сол аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақлиёти хизматӣ дархост мекунанд, аммо, феълан вазорат шароити харидорӣ ва таъмини мошинро надоштааст. Дар баробари ин масъулон гуфтаанд, ки ҳанӯз соли 2003 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Ҳисор беэътибор дониста шудааст, вале онро аз рӯи имкон таъмиру нигоҳубин мекунанд.
Нашрияи “Садои мардум” дар ин шумораи хеш инчунин мақолае бо номи “Идораи меъморӣ ё саройи худкомаҳо?” нашр карда, аз бемасъулиятии Идораи меъморӣ ва шаҳрсозии Кӯлоб интиқод кардааст.
Ба навиштаи муаллиф понздаҳ сол дар ростои ҷашни 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб садҳо бинои наву замонавӣ, иншооти маданию фарҳангӣ, боғу гулгашт ва марказҳои маданию маърифатӣ бунёд шуд.
Аммо ба гуфтаи муаллиф аз байн соли зиёд нагузашта, як қисме аз он иншооти ҷашнӣ таровату зебоиро аз даст дода, рӯ ба харобӣ оварданд.
Кормандони Идораи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ки дар ин «навсозиҳо» аз ҳама бештар масъулият доштанд, хомӯшанд. Бетарафии кормандони ин идораро фаҳмидан мумкин, зеро гунаҳгори асосианд.- хулоса кардааст муаллифи мақола.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 20 октябр мақолае бо номи “Боли сухта намакоб” чоп карда, аз бетаваҷҷуҳии масъулини мақомоти зиддахл ба афзоиши тадриҷии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳо ва инчунинин болоравии қимтаи бензину газ дар Тоҷикистон интиқод кардааст.
Ба навишати муаллиф посухи ҳамешагии Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар чунин ҳолатҳо ин аст, “хадамот мониторинги бозорро гузаронида, ҳолати рақобат дар бозорро баҳогузорӣ мекунад”. Дар мавриди нархи сузишворӣ бошад масъулин ҳамаро ба буҳрони энергетикии ҷаҳонӣ ва кишварҳои содиркунанда ҳавола карда, амалан барои коҳиши қиматҳо дар бозор коре намекунанд.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ ҳамчунин мақоали таҳлилии профессор Абдунабӣ Сатторзодаро бо номи “Афғонистон: озодӣ ё ҷанги шаҳрвандии тулонӣ” чоп кардааст.
Муаллиф дар ин матлаби хеш таъкид мекунад, ки дар ин имрӯзҳо дар Панҷшер на танҳо сарнавишти бошандагони ин вилоят, балки таоми Афғонистон ҳал хоҳад шуд. Яъне ё Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба пирӯзӣ хоҳад расид ва марудми Афғонистон озоду мустақил хоҳанд шуд ва ё Афғонистону марудми он дар тасаарруфи гурӯҳи террористии Толибон хоҳанд монд ва ин кишвар ба ҷанги тулонии шаҳрвандӣ гирифтор хоҳад шуд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар сармақолаи шумораи рӯзи 21 октябр, бо номи “Чаҳор пайёми Масъуд” навиштааст, ки баъди тассаруфи Панҷшер аз сӯи Толибон Аҳмад Масъуд танҳо чаҳор паёми савтӣ ва катбӣ нашр кардааст аз фаъол будани Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабар додааст.
Дар ҳамин ҳол муаллиф аз қавли коршиносони масоили сиёсӣ навиштааст, ки айни замон вазъият ба нафъи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон набуда, кадоме аз бозингарони хориҷӣ ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намекунад. Дар баробари ин муаллиф аз қавли сиёсатшиносӣ рус Андрей Серенко навиштааст, ки бархе ҷеҳраҳои саршиноси сиёсии Афғонистон, аз ҷумла Абдурашид Дустум, Ато муҳаммад Нур, Салоҳиддин Рабонӣ ва муҳаммад Муҳақиқ дар Туркия Шурои муоқовимати миллиро таъсис додаанд.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре бо номи “Панҷ мушкили соҳибкорони тоҷик” мушкилоти фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф мушкили аввали соҳибкорони тоҷик сарбории зиёди андозҳо, баъдан санҷишҳои зиёди мақомоти назоратӣ ва ришваситонӣ, севвум тақсимоти нобаробари имтиёзҳои андозӣ, чорум фоизҳои баланди қарзҳои бонкӣ ва панҷум рушди нокофии технологияҳои рақамӣ миёни соҳибкорон дониста мешавад.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 20 октябр мақолае бо номи “Барқи тоҷик” барқат куу???” нашр карда, вокуниши корбарони бахши тоҷикии шабакаи Фейсбукро ба ҳодисаҳои қатъи барқ дар манотиқи Тоҷикситон баррасӣ кардааст.
Дар оғоз шарҳи расмии ширкати “Барқи тоҷик” овардааст шудааст, ки дар он гуфта мешавад қатъи барқ дар навоҳии Тоҷикистон ба анҷоми корҳои профилактикӣ ва омодагӣ ба зимистон рабт дошта, хабари ҷорӣ шудани лимити барқ дар кишвар асос надорад. Дар посух ба ин ҷавоби “Барқи тоҷик” шаҳри корбарони шабакаи Фейсбук оварда шудааст, ки ин ҷавоби масъулинро “узри бадтар аз гуноҳ” донистаанд.