Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон

Дирӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Петер Сийато – Вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористонро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ  лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи такмили ихтисоси кормандони хизмати дипломатӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористонро ба имзо расонида шуд.

Дар рафти мулоқот густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва таъсиси гурӯҳҳои дустӣ миёни парлумони ду кишвар барои муносибати Тоҷикистону Маҷористон таъкид карда шуд.

Масъалаи амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъи мураккабу пурпечутоби Афғонистон, ки имрӯзҳо дар остонаи фоҷеаи гуманитарӣ ва буҳрони муҳоҷиратӣ қарор дорад, таваҷҷуҳи хос зоҳир гирдид. Зимни баррасии робитаҳои ду кишвар дар қолабҳои бисёрҷониба, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи об, изҳори қаноатмандӣ карданд.