Имрӯз дар доираи ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар меҳмонхонаи Hyatt Regency-и пойтахт Форуми саноатӣ-тиҷоратии Тоҷикистону Туркия баргузор гардид.
Тавре радиои “Овози тоҷик” аз ҷараёни багузории Форуми мазкур хабар медиҳад, дар кори он соҳибкорон, роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳо, ассотсиатсияҳои соҳибкорон, инчунин намояндагони бахши хусусии ду кишвар ширкат варзида, дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дурнамо ва афзалиятҳои ташкили истеҳсолот, аз ҷумла тавассути таъсиси корхонаҳои муштарак ибрози андеша карданд.
Дар Форум беш аз ҷониби 100 ширкату корхонаҳои тоҷикию туркӣ аз соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт дар шакли маҷозиву ҳузурӣ маъруза пешниҳод шуда, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши аз ҷумла: ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, нақлиёт, саноат, маориф ва илм, муҳоҷират ва энергетика, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Пас аз ба охир расидани қисми расмии Бизне-форум мулоқоти дуҷонибаи соҳибкорони ду кишвар дар формати B2B баргузор гардид, ки дар натиҷаи ба мувофиқа омадани тарафҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.