Имрӯз дар Маҷмааи варзишии «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ» ба кори худ оғоз намуд. Намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Форуми байналхалқии сармоягузории «Душанбе-Инвест 2021» баргузор гардида, зиёда аз 50 корхонаи ҷумҳурӣ бо маҳсулоти худ дар он ширкат доранд.
Дар намоишгоҳ дар қатори истеҳсолкунандагони ватанӣ, ширкатҳои кишварҳои ҳамсоя низ маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштаанд.
Зимни ифтитоҳи намоишгоҳ таъкид карда шуд, ки маҳз бо дастгириву супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкории истеҳсолӣ дар кишвар рушд намуда, сол ба сол дар самти муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид дошт, ки рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ-хориҷӣ имкон фароҳам меоранд, то ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии мамлакат бирасем. Ҳар як давлатро вобаста ба иқтисодаш баҳогузорӣ медиҳанд. Пас, моро зарур аст, то молу маҳсулоти худро муаррифӣ карда тавонем. Дар шаҳри Душанбе дар ин самт қадамҳои устувор гузошта шуда, минтақаи саноатӣ таъсис дода шудааст.
Ширкаткунандагон изҳор доштанд, ки бо оҳистагӣ сироятёбӣ ба бемории ҳамагири КОВИД-19 камтар мегардад ва ин имкон медиҳад, то ҳамкорӣ боз ҳам рушд намоянд.
Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ» Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки навтаъсиси «Саноатсодиротбонк» низ ба намудҳои хизматрасонии худ ширкат доштанд, ки ин ҳам барои дастгирии соҳибкорон ва ҳам барои рушди хизматрасониҳо таконе мебахшад.
Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ» аз 13 то 15 октябр идома меёбад ва сокинону меҳмонон метавонанд аз намоишгоҳ дидан карда, маҳсулоти ғизоӣ, масолеҳи саноати сабук ва косибиро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”