Кишоварзони соҳибтаҷриба собит кардаанд, ки саривақт ва хушсифат гузаронидани шудгори замини кишт таҳкурсии мустаҳками рӯёнидани ҳосили баланди зироати киштшаванда ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки баробари фарорасии фасли заррини тирамоҳ барои марди деҳқон мавсими нав-мавсими омодагӣ ба киштукори тирамоҳӣ фаро мерасад.
Соҳибназарони соҳа, аз ҷумла номзади илмҳои кишоварзӣ Шарифҷон Хоҷаев ба ин бовар аст, ки агар кишоварз ҳангоми шудгор омили беҳдошти заминро риоя намоянд, ҳатман ҳосили хуб ба даст меорад.
Воқеан ҳам омили аслии ба даст овардани ҳосили баланд дар баробари тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва обшӯйӣ намудани заминҳои шўр аз шудгори босифат вобастагӣ дорад. Ин ҳамсуҳбати мо мегуяд, ки шўршавии замин дараҷаҳои муайяни худро дорад.
Ҳамчунин барои ғанӣ намудани таркиби хок ва ба даст овардани ҳосили баланд истифодаи нуриҳои минералӣ ба нафъи кор аст-мегўяд, дар идома ҳамсуҳбати мо коршинос Шарифҷон Хоҷаев.
Деҳқонони соҳибтаҷриба ҳангоми шудгор ва кишт кардани полезиҳо аз хокистар истифода мебаранд. Аммо баъзеҳо ба ин боваранд, ки хокистар қабати ҳосилхези заминро корношоям мекунад. Дар ҳамин ҳол номзади илмҳои кишоварзӣ Шарифҷон Хоҷаев мегўяд, ки нақши асосии хокистар нарм намудани қабати ҳосилхези хок мебошад, аммо ин чеҳраи соҳаи кишоварзӣ истифодаи хокистари навро тавсия намедиҳад.
Ҳамсуҳбати дигари мо доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев боварӣ дорад, ки шудгори босифату кишти саривақтӣ омили ҳосили фаровон аст. Ин ҳамсуҳбати мо мегўяд, ки ҳаминшабу рўз вақти кишти ғалладонагӣ фаро расидааст, агар ин фурсатро деҳқон самаранок истифода кунад, нафъи бешумор ба даст хоҳад овард.
Доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев мегўяд, ки омили дигари серҳосилии зироатҳои ғалладонагӣ ин аз сифатнокии тухмиҳо вобастагӣ дорад, дар ин росто, агар тухмиҳои киштшаванда пеш аз коштан бо заҳрхимикатҳои муайян коркард карда шаванд, албатта касалиҳои муайяни растанӣ ба хирмани марди деҳқон таъсир расонида наметавонад.
Бо мақсади руйёнидани ҳосили дилхоҳ аз зироати кишти тирамоҳӣ бояд деҳқон заминро ҳам бо намӣ таъмин намояду ҳам барои пўсиши боқимондаҳои пешкишти растанӣ мусоидат кунад. Мегўяд дар идома коршинос Қурбоналӣ Партоев.
Кишти барвақтии зироати ғалладонагӣ дар тирамоҳ имконият медиҳад, ки майдони кишт то зимистон бо майсаи барвақтии пурқувват пўшонда шавад. Яъне решаи растанӣ то фарорасии зимистон обутоб меёбад. Биноба назари коршиносон кишти зироате, ки дар моҳҳои октябр ва ноябр гузаронида мешавад, майсааш фасли зимистонро хуб гузаронида барои давраи минбаъда омода мешавад. Ба ибораи дигар кишти барвақтии зироати ғалладонагӣ гарави ҳосили баланд аст.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва меҳнати софдилонаи деҳқонону мутахассисони соҳа, аз ҷумла олимон солҳои охир соҳаи кишоварзӣ хеле рушд кардааст. Интизор меравад, ки ин бахши муҳиму асосии иқтисодии кишвар бо тараққиёти илму техникаи кишоварзӣ, агротехникаи парвариши зироатҳо, истифодаи самараноки замин ва нури менералӣ, сари вақт мубориза бурдан бар зидди ҳашароту касалиҳои зараровар, обёрии дурусти заминҳои корам ва усулҳои дурусти киштгардони замин боз ҳам рушд хоҳад кард.
Муродулло Раҳимов
Радиои “Тоҷикистон”