Тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар, истифодаи сигналҳои махсуси овозӣ ва чароғи шуълавари фурӯзон бо рангҳои гуногун, танҳо ба воситаҳои нақлиёти махсуси хизматӣ ҳангоми иҷрои супоришҳои таъҷилӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Аммо вақтҳои охир як зумра ронандагон аз ҳисси ҳавобаландӣ ва худнамоӣ дар воситаҳои нақлиёташон ба таври худсарона сигналҳои дорои овози махсус ва чароғи фурўзони шуълаварро насб намуда, дар роҳҳои нақлиётгарди пойтахт ба ҳаракати бехатарии дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ халал ворид менамоянд.
Ин рафтори ронандагони автомобилҳои ба истилоҳ «крутой» хилофи қонунҳои роҳу нақлиёт буда, навъе сӯиистифода аз сарвату мақом арзёбӣ мешавад. Шарифмамад як тан ронанда аз шаҳри Душанбе ки борҳо ба чунин ҳолатҳои дучор омадааст, мегӯяд: «сигналҳои овозӣ дар бештар вақт аз ҷониби ронандагони мошинҳои гаронарзиш истифода мешавад. Чунин амали онҳо натанҳо ба қоидаҳои ҳаракат, балки ба рӯҳияи инсон низ асари ман манфии худро мерасонад.»
Бахтовар мусоҳиби дигари Радиои Тоҷикистон аз амали чунин ронандагон шиква намуда гуфт, ки: “тайи солҳои охир шумораи воситаи нақлиёт дар кишвар афоиш меёбад ва насбу истифодабарии таҷҳизоти овозии ғайристандартӣ ё хизматӣ дар мошинҳои гаронарзиш, ки ба писарони ашхоси доро марбут аст зиёд низ мегардад. Ба гуфтаи ў сарфи назар намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо истифода аз сигналҳои овозӣ аз ҷониби ронандагони мошинҳои гаронарзиш, натанҳо дар масири ҳаракати нақлиёт, балки ба пиёдагардон низ таъсири бади худро гузоштааст.”
Ҳафтаи гузашта РВКД дар шаҳри Душанбе аз ошкор намудани 65 ҳолати насбу истифодабарии сигналҳои махсуси овозӣ ва чароғаки шуълавари нурафшон дар мошинҳои Таёта, Лексус, БМВ Х-5 , Ренҷ Ровер, Тайота-кемрӣ, Киа-Оптима, Мерседес С-класс, Лада-Приора ва ғайра хабар дода буд, ки ҳамаи ин тамғаҳои гаронарзиш мебошанд.
Амали намудани нақша-чорабиниҳои кормандони РБДА ВКД нишон медиҳад, ки шумораи ронандагоне, ки имкони насбу васли таҷҳизотӣ шўълавр ва овозии ғайри стандартиро доранд кам нестанд. Қурбонзода Акбар сухангўи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин мавзўъ ба Радиои Тоҷикистон гуфт, ки аз 15 то 21 июни соли ҷорӣ зимни амали намоии нақаша- чорабиниҳо бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва ошкор намудани қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, махсусан риоя накардани қоидаҳои ҷиҳозонидани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёте, ки ба хадамоти фаврӣ ва махсус таалуқ надоранд, аз ҷониби кормандони Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 81 далели ғайриқонунии насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда, 509 далели ҷиҳозонидани асосбҳои ғайристандартии иловагии берунии равшанидиҳанда ва 8 далели дигар бошад дар маҷмуи ихроҷи газҳои кордкардашуда насб намудани таҷҳизоти овозӣ ошкор шуда, нисбат ба соҳибони воситаи нақлиёи санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Гузориши савтиро ин ҷо гӯш кунед:
Идораи воситаи нақлиёт аз рафтору ахлоқ ва маданияту фарҳанги ронанда вобастагӣ дошта, бо ин васила метавон тарбия ва шуурнокии онро баҳо дод. Имрўз пушида нест, ки бархе ронадагон бо чунин амали хеш боиси озурдаҳоии хусусан пиронсолон дар кўчаҳои кишвар гардидаанд. Аз ин ру ронандагонро зарур аст ҷиҳати таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба таври ҳатмӣ муқаррароти қонунгузориро риоя намуда, ба ҳаракати дигар иштирокчиёни роҳ, махсусан пиёдагардон халал ворид насозанд.
Дӯстмурод Файзализода
Радиои Тоҷикистон