Деҳқонони Турсунзода: пиёз харидори кам дорад, вале арзиши нӯриҳо минералӣ гарон

Дар шаҳри Турсунзода беморони сироятёфта ба КОВИД 19 тадриҷан кам шуда, қариб ҳамаи дардмандони бистаришуда шифо ёфтаанд ва корҳои саҳроӣ идома дорад. Аммо баъзе деқонони Турсунзодаро камхаридор шудани баъзе маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз нигарон кардааст.

Бекмурод Ҷононов, раиси Хоҷагии деҳконии «Бобокалон» дар суҳбат бо Радиои Тоҷикистон гуфт, ки имсол ҳосили меҳнати кишоварзон хуб аст.  Ӯ мегӯяд: “Имсол ҳосили ҳамаи зироатҳо хуб аст. Картошка, гандум, ҷав, сирпиёз, пиёз, қулфинай ва лубиёю нахўд ҳам ҳосили хуб медиҳад. Лекин як проблемаи мо деҳқонон ҳамин аст, ки имсол пиёзи барвақтиамонро харидор пайдо накарда истодааст. Тоҷирон ба назди мо намеоянд, пиёз талаф ёфта истодааст. Мо барои расонидани ҳосили пиёз зиёд хароҷот карда будем. Як халта нўрии минералӣ вобаста ба навъаш аз 200 то 250 сомонӣ нарх дорад. Мо мехоҳем, сохторҳои марбута ин масъаларо омӯзанд».

Тавре хабарнигори Радиои Тоҷикистон хабар медиҳад, дар деҳоти Турсунзода корҳои саҳро бо маром, мураттаб ва муташаккилона идома доранд. Деҳконони хоҷагиҳо ба ҷамъоварӣ ва фурўши пиёзу бодиринг, гандуму ҷав, қулфинаю ғунучини мева машғул ҳастанд. Ҷамъоварии картошка низ шуруъ шудааст ва тавре кишоварзон мегўянд ҳосили зикорати кишоварзӣ низ бад нест. «Албатта, мо ҳазорон бор шукр мекунем, ки дар ватани мо бемории сироятии коронавирус кам шуда истодааст.  Вазифаи мо хусусан, барои мардуми шаҳрнишин дастрас намуди маҳсулоти кишоварзӣ аст. Воқеан, ҳар дафъае, ки аз деҳқоне дар бораи қазияю проблемаашон пурсон мешавем, ҳатмӣ аз арзиши баланд доштани нўриҳои минералӣ шикоят мекунанд. Инчунин мегўянд, ки мо маҳсулоти кишоварзиро бо мушкилоти зиёд мерасонему, харидор пайдо карда наметавонем.”- иброз медорад, Бекмурод Ҷононов.

Ба далели кам шудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ дар замони пандемияи КОВИД 19 яке аз омилҳои аслии хамридор шудани ҳосили кишти деқонон гардид. Аз  сӯйи дигар нархи нуриҳои минералӣ дар муқоиса бо соли гузашта гаронтар гардид. Дар ин бобат масъулини сохторҳои марбута то ҳанӯз шарҳ надодаанд, ки ба чи сабаб арзиши нӯриҳои минералӣ боло рафтааст.

Деҳқонон мегӯянд, дар сурати бозбинӣ нашудани масъала онҳо натанҳо хароҷоти кардаашонро пӯшонида наметавонанд, балки эҳтимоли зарари зиёди иқтисодӣ диданашон мавҷуд аст.

Файзалӣ Холов

Радиои Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *