Давоми ду рӯзи охир ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон, ки дар қаламрави Узбекистон буда, марзро ғайриқонунӣ убур кардаанд, ба кишвари дигар интиқол дода шуданд. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Юсуп Кобулҷонов хабар дод (ДАР АКС).
Ба гуфтаи ӯ, бинобар рӯйдодҳои маълум дар Афғонистон гурӯҳи низомиёни собиқ ва намояндагони аҳолии осоиштаи ин кишвар ғайриқонунӣ марзи давлатии Узбекистонро убур карда, боздошт шуданд. «12-13 сентябр ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон, ки дар қаламрави Узбекистон буданд, ба дигар кишвар интиқол дода шуданд»,-гуфт Ю. Кобулҷонов.
Қариб як моҳ пеш халабонҳои афғон бо чархболу ҳавопаймоҳои Неруҳои ҳавоии Афғонистон марзи Узбекистонро убур карданд. 16 август Прокуратураи генералӣ хабар дод, ки 22 ҳавопаймои низомӣ ва 24 чархбол бо 585 низомии мусаллаҳи афғон ғайриқонунӣ аз ҳарими ҳавоии кишвар убур кардаанд (баъдан хабар дода шуд, ки хабар пурра тасдиқ нашудааст). Ҳангоми ҳамроҳӣ ҳавопаймои МиГ-29-и Узбекистон ва Embraer 314-и Афғонистон бархӯрданд.
Охири моҳи август WSJ бо такя ба мақомот хабар дод, ки ҳукумати Узбекистон ИМА-ро аз нақшаи ихроҷи халабонҳои афғон бо хонаводаҳояшон аз ин кишвар огоҳ намудаанд. Нашрия инро ба талаби ҷунбиши “Толибон” (мамнӯъ дар Тоҷикистон) рабт дод, ки аз Узбекистон даъват кардааст ҳавопаймо ва чархболҳоеро, ки халабонҳои Афғонистон бо онҳо омадаанд, баргардонад.
Аввали моҳи сентябр Reuters гуфта буд, ки халабонҳои афғон ва дигар шахсоне, ки дар урдугоҳи хаймавӣ дар Узбекистон ҷойгиранд, аз дубора бозгардонидани онҳо ба ватанашон метарсанд. «Агар моро баргардонанд, ман 100% боварӣ дорам, ки моро мекушанд», — гуфт яке аз халабонҳо.