Кишоварзӣ соҳаи муҳимтарини иқтисодиёти Тоҷикистон буда, пеш аз ҳама ҳифзи амнияти озуқавории кишвар аз рушди он вобастагии амиқ дорад. Ин аст, ки тули 30 соли истиклолияти давлатдорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои соҳаро дар қатори ҳадафҳои афзалиятноку стратегии худ қарор дода, барои татбиқи самарабахши он мунтазам талош намуд.
Сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров дастовардҳои беназири соҳаи кишоварии мамлакатро аз заҳмат ва талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонад.
Воқеан шароити мусоиди табиӣ, захираву имкониятҳои зарурии кишвар ва инчунин сиёсати дурусти аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки тули 30 соли соҳибистиқлолӣ худтаъминкунии аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ низ рушд кард.
Имрўзҳо коршиносон худтаъминкунии аҳолиро дар такя бо омори расмӣ нек арзёбӣ мекунанд.
Чун соҳаи боғу токпарварӣ ва чорводорӣ аз ҷузъҳои таркибии бахши аграрии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, бо дастгирӣ ва касби имтиёзҳо тўли 30 соли даврони соҳибистиқлолӣ бесобиқа рушд кард.
Сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров мегуяд, ки сиёсати дурусти аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар 30 соли Истиқлол майдони боғот 112 ҳазор гектар зиёд гардиду теъдоди чорвои калони шохдор аз 1 милиону 391 сар ба 2 миллиону 391 сар ва чорвои майда аз 3 миллиону 355 сар ба 5 миллиону 700 ҳазор сар афзуд. Саршумори паранда низ бароматиб афзуд, дар соли 2000-ум теъдоди парандаҳо дар кишвар 1 миллиону 61 ҳазорро ташкил медод, дар шашмоҳаи аввали соли 2021-ум 10 миллионро убур кард.
Коршиносони соҳа яке аз омилҳои руди соҳаи кишоварзиро дар истифодаи тухмиҳои ба сифат медонад. Дар ҳамин ҳол Шарофиддин Кароматов-директори Маркази миллии захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегуяд, ки олимони соҳаи кишоварзӣ, тули 30 соли Истиқлолият беш аз 260 навъи зироати кищоварзии мутобиқшударо офариданд, ки ба касалиҳои зараровари растанӣ тобоваранд.
Гузашти айём ва ҳамзамон вазъи кунунии соҳаи аграрии кишвар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки 30 соли соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар соҳот 30 гоми устувор дар самти рушди кишоварзӣ буд. Дар ин давра тавассути гузарондани ислоҳот ва таҷдиди хоҷагиҳо, амалӣ намудани барномаҳои рушди соҳа, аз худ кардани заминҳои нав, беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, инчунин, бо роҳи зиёд кардани майдони боғу токзор фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд, ки ин ҳама дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, рушди содирот ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом нақши арзишманд гузошт.
Муродулло Раҳимов
Радиои “Тоҷикистон”