Сарвазири Покистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

17 сентябри соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Сарвазири Покистонро дар ҷараёни сафари расмӣ Вазири корҳои хориҷии он кишвар Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ ва дигар ашхоси расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Тавре аз Вазорати корхои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорчӯби сафари мазкур Сарвазири Покистон дар нишасти ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамзамон дар ҷаласаи муштараки сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД дар Душанбе иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар назар аст зимни сафари мазкур мулоқотҳои Сарвазири Покистон бо роҳбарияти олии кишвар доир гардида, бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.

Зимнан дар доираи сафари мазкур нишасти чоруми Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон дар назар аст.