Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия мулоқот намуд

Дирӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Сафири Фавқулода Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Мавлуд Чавушоғлу мулоқот намуд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот таҳким ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуда, атрофи масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.