Бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар ва Палатаи савдо ва саноати Россия имрӯз дар меҳмонхонаи “Хаят Реҷенси”-и пойтахт Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Россия зери унвони «Дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар шароити нав» баргузор гардид.
Тавре аз иттилои хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Тахмина Амонова бармеояд, Форум дар доираи сафари ҳайати тиҷоратии ширкатҳои Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он намояндагони ширкатҳои миллӣ, соҳибкорони бузурги соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди ду кишвар ширкат варзиданд. Ҳайати Федератсияи Россияро дар ин ҳамоиш Президенти палатаи савдо ва саноати ин кишвар Сергей Николаевич Катирин сарварӣ намуд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар он як қатор корхонаҳои ватанӣ аз ҷумла, ҶДММ «Авесто Гурӯҳ», ҶДММ «Хуасин Ғаюр Семент», КВД «Ширкати Алюминий Тоҷик», ҶДММ «Петролиум Суғд» ва ғайра иштирок доштанд.
Форуми мазкурро Раиси палатаи савдо ва саноати кишвар Ҷамшед Ҷумъахонзода ифтитоҳ намуд. Дар рафти он масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, тавсеаи ҳамкориҳо миёни соҳибкорони ҳарду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва табодули иттилоот ва таҷриба дар самти рақамикунонӣ, арбитраж ва амсоли инҳо мавриди таҳлилу баррасии иштирокчиён қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, дар доираи Форуми зикргардида санадҳои муҳим оид ба хамкорӣ байни Палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, дар бораи ҳамкорӣ миёни палатаҳо дар самти арбитражи тиҷоратии байналмиллалӣ ва медиатсия, ҳамчунин байни Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор ширкату корхонаҳои Федератсияи Россия ба имзо расонида шуданд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии баргузории форуми тиҷоратӣ ин муҳокимаи рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорииин ду кишвар, барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ дар соҳаҳои афзалиятноки ду кишвар, дарёфти шарикони ҳамкор, ва ғайра мебошад.