Расонаҳои зиёде хабар доданд, ки даргирӣ миёни Толибон ва хезишҳои мардумӣ дар вилояти Бағлон аз сар гирифта шуда, дар натиҷа се вулусволӣ аз тасарруфи ин гурӯҳ озод шудааст.
Наворҳои паҳнгардида дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам инро тасдиқ мекунанд. Ҳамчунин Солеҳ Муҳаммад Регистонӣ, фармондеҳи низомии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар суҳбат бо расонаҳо инро таъйид кардааст. Ба иттилои ТАСС, даргирӣ миёни нерӯҳои ҷабҳа ва ҷангиёни Толибон* рӯзи якшанбеи 12 сентябр рух додаанд.
“Субҳи имрӯз дар минтақаи Пули Ҳисори водии Андароб задухӯрд сурат гирифта, Толибон* бо талафот маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд”, – навиштааст ТАСС аз қавли манбааш. Назари Толибон* феълан дар мавриди ин хабар маълум нест. Бағлон вилояти ҳаммарз бо Панҷшер мебошад, ки қаблан низ нерӯҳои мардумӣ дар он Толибонро водор ба ақибнишинӣ карда буданд. Аз ҷумла охири моҳи август дар пайи хезиши мардумӣ вулусволиҳои Пули Ҳисор, Деҳ Салоҳ ва Бануи минтақаи Андаробҳо аз вуҷуди Толибон* бозпас гирифта шуда буданд, аммо ин созмон бо равон кардани нерӯҳои бештар ин минтақаро дубора ғасб кард.
Ба назар мерасад, ки тактикаиҳои ҷангии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо шаклҳои нав танзим мекунад.