17 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахустин мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор мешавад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Дар ҷараёни мулоқот сарони кишварҳои СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон табодули ҳамаҷонибаи афкор мекунанд.