Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Узбакистони дӯст Сарвари давлати мо ва мардуми Тоҷикистонро бо 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар самимона табрик гуфта, ба Пешвои миллат хушбахтӣ, саломатӣ, комёбиҳои беназир ва ба мардуми кишвари мо — сулҳ, бурдборӣ ва шукуфоӣ таманно намуд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд, рафти иҷрои созишномаҳое, ки дар Душанбе дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон ба даст омадаанд, баррасӣ шуд. Ҷонибҳо алоқамандии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии ду кишвар таъкид карданд.
Дар робита ба авҷ гирифтани танишҳо дар Афғонистон, ки ба амният ва суботи минтақа таҳдид мекунад, Президентҳо идомаи муколама оид ба масъалаҳои Афғонистонро дар доираи ҷаласаи ҷашнии сарони давлатҳои узви СҲШ ва мулоқоти сатҳи олӣ дар сиғаи СҲШ+СААД, ки нимаи аввали моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, ҷонибдорӣ намуданд.
Дар идомаи сӯҳбат доир ба дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.