Акс аз интернет
Танҳо дар даҳ соли охир (солҳои 2011 – 2020) ба иқтисоди миллӣ беш аз 100 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба соҳибкории истеҳсолӣ 45,8 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.
Дар натиҷаи таъмин гардидани суботи макроиқтисодӣ даромади пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонии соли 2000-ум ба 65,4 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзуда, сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд. Яъне дар бист соли охир сатҳи камбизоатӣ зиёда аз се баробар паст гардид.
Бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи умумии беш аз 91 миллиард сомонӣ зиёда аз ҳазор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, бахусус, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ, инчунин, энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо амалӣ карда шуд. Ҳоло 74 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 40,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Дар заминаи ислоҳоту тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 70 фоиз, таъмин намудани аҳолӣ бо шуғл ба 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат ба 80 фоиз баробар шудааст.
Ҳоло истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 1997-ум 7 баробар афзоиш ёфта, соҳаҳои саноати сабук, металлургия, хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъдан, саноати кимиё ва масолеҳи сохтмон ба пешравиҳои назаррас ноил шудаанд.
Агар истеҳсоли семент соли 1992-юм 446 ҳазор тоннаро ташкил дода бошад, пас дар соли 2020 ба 4,2 миллион тонна расонида шуд, ки қариб 10 баробар зиёд мебошад.
Истеҳсоли ангишт беш аз 9 баробар зиёд гардида, аз 214 ҳазор тоннаи соли 1992 ба 2 миллион тонна дар соли 2020 расидааст.
Қобили зикр аст, ки танҳо дар панҷ соли охир дар кишвар ба маблағи умумии 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол шудааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ иқтидори энергетикии мамлакат тадриҷан зиёд гардида, аз 4044 мегаватти соли 1991-ум ба 6131 мегаватт дар соли 2020 расонида шуд.