Шарҳи матбуот: Аз пешсафии Тоҷикистон аз назари рушди саноат то истифодаи гази табиӣ ба ҷойи гази моеъ

Пешниҳоди лоиҳаи қонуни афв ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии киҳшвар, нигарониҳо аз афзоиши қимати бензину гази моеъ ва ояндаи норушани Афғонистон баъди сари қудрат омадани Толибон аз мавзуъҳои меҳвариест, ки нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ба он таваҷҷуҳ кардаанд.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи  2 сентябр аз қавли Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав навишт, ки Тоҷикистон дар байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷиҳати афзоиши суръати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ки 21,5 дарсадро ташкил дод, зинаи баландтаринро соҳиб шуд. Дар ин раддабандӣ  баъд аз Тоҷикистон,  Молдова ва Беларус  бо 11,9 ва  11,1 дарсад ва Узбекистон бо 8,2 дарсад қарор доранд.

Ҳамзамон Шералӣ Кабир таъкид кардааст, ки айни замон дар самти таъмини аҳолии кишвар бо равғану шакар мушкилӣ дорем. Ба гуфтаи вай  дар Тоҷикистон солона ҳамагӣ 12 ҳазор тонна равған истеҳсол мешавад, ки 10 дарсади талаботро ташкил медиҳад. Талаботи солонаи аҳолӣ ба равғани рустанӣ 147 ҳазор тонна аст.

“Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 25 август суҳбати хабарнигори рӯзномаро бо Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар робита ба вазъияти бемории COVID – 19 дар кишвар чоп кардааст.

Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин робита таъкид кардааст, ки айни замон марҳалаи афзоиши беморӣ ба поён расида, ҳолати сироятшавӣ рӯз ба рӯз кам мешавад. Ба гуфтаи вазири тандурустӣ вазъият муътадил ва идорашаванда буда, пирӯзӣ алайҳи мавҷи дуюми ковид-19 наздик шудааст, вале дар ин самт бояд маъракаи ваксинакунонии аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода шавад, зеро он шарти асосии пирӯзӣ ба шумор меравад.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 2 сентябр дар сармақолаи худ ба таври муфассал дар бораи ҷузъиёти лоиҳаи қонуни афв маълумот додааст. Ба навиштаи муаллиф дар баробари озод шудани бархе афрод аз таъқиби ҷиноӣ, инчунин муҳлати ҷазои афроде, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд, 50 фоиз кам карда мешавад.

Сабукии мушобеҳ барои ҷиноятҳои вазнин,  аз се як ҳисса ва ҷиноятҳои махсусан вазнин аз ҷор як ҳисса кам кардани  муҳлати ҷазо пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин шахсоне ки ҷиноятҳои иқтисодӣ содир карда, зарари молияии расонидаро ҷуброн кардаанд, аз маҳбас озод карда мешаванд.

Нашрияи  “Asia-Plus” дар матлаби дигари ин шумораи худ, сабаб ва омилҳои  афзоиши нархи гази моеъ дар кишварро баррасӣ карда, барои ҳали мушкилоти сарзада,  пешниҳоди истифода аз гази табиро додааст. Муаллиф навиштааст, ки барои мисол гази табиӣ дар кишвраи ҳамсояи мо Ӯзбекистон ба таври фаровон ҳамчун маводи сухт барои мошинҳо истифода мешавад.

Ҳамзамон нашрия аз қавли масъулини БДА навиштааст, ки айни замон дар Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте барои истифода аз гази табиӣ дар мошинҳо нест ва танҳо насби таҷҳизоти лозимаи стандартӣ дар нақлиёт ва нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ  зарур асту халос.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 1 сентябр дар сармақолаи худ таҳти унвони “Афви деринтизор, киҳо кай озод мешаванд?” навиштааст,  тибқи лоиҳаи “Қонун дар бораи афв”, ки аз сӯи президенти кишвар ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шуд, пеш аз ҳама ба нрбрлиғон, занон, шахсони сини аз 55 боло, беморон ва шҳарвандони хориҷӣ бартарӣ дода шудааст.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре бо Муҳсин Раҳимӣ як нафар рӯзноманигор ва филмсоз аз Кувайт мусоҳиба анҷом додааст. Ба навиштаи муаллифи матлаб Муҳсин Раҳимӣ баъд аз нахустин сафараш ба Тоҷикистон ба забон фарҳанг ва мардуми тоҷик меҳру муҳаббати хосе пайдо кард.

Дар ин миён бо мусоидати Раҳимӣ дар барномаҳои форсии радиои Кувайт пайваста оҳангу таронаҳои тоҷикӣ садо медиҳанд. Инчунин Раҳимӣ дар бораи чандин шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик барномаҳои телевизионӣ таҳия карда ва дар бораи ҷашни Наврӯзу ҷойгоҳи он мардуми тоҷик як мустананд ва филми ҳунарие низ сохтааст.

Ҳафтаномаи “Фараж”  дар шумораи рӯзи 1 сентябр бо нашрия як гузориши аксӣ аз вазъияти ногувори партовгоҳҳои шаҳраки Дустӣ – маркази ноҳияи Ҷайҳун интиқод кардааст. Ба навиштаи муаллиф дар маркази ноҳияи Ҷайҳун партови зиёде ҷамъ шуда, ҳусни шаҳраки Дустиро дар арафаи ҷашни 30-солагии истиҷлоли Тоҷикистон коста кардааст.

Масъулини мақомоти маҳалӣ бошад сабаби ин ҳолатро дар набудани мошинҳои коршоями партокашонӣ дар ноҳияи Ҷайҳун медонанд. Гуфта мешавад, ки аз 6 мошини махсуси партовкашӣ дар ноҳияи Ҷайҳун танҳо 2-тои он қисман коршоям аст, дар ҳоле ки дар маркази ноҳия 23 партовгоҳ мавҷуд буда, бояд дурӯз дар миён тоза карда шавнад.

Зиёратшои Аҳмадшо

Радиои “Тоҷикистон”