Акс аз Интернет
Ҳукумати нави Афғонистон, ки Толибон нияти таъсиси онро доранд, бидуни баргузидани ҳеҷ зан чун вазир ташкил мешавад.
Дар ин бора “Спутник Тоҷикистон” дар истинод ба гуфтаҳои сухангӯи Толибон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҷунбиши родикалии Толибон* таъкид доштааст: “ҳукумати нави ин кишвар бидуни зан вазир ҳарчи зудтар ташкил хоҳад шуд.“
Ҳарчанд Ҷунбиши радиикалии Толибон даъво доранд, ки ҳукумати “ҳамашумул” ташкил хоҳанд, аммо аз қадамҳои нахустин ҳеҷ нишон аз фарогирии ҳукумати худхондаи онҳо эҳсос намешавад. Дар баробари нодида гирифтани мушорикати ҳама ақвоми Афғонистон, ҳамзамон ба шиддат ҷойгоҳи занон танг мешавад. Нуктае, ки ҷомеаи байналмилалӣ ҳамовора аз он бонги изтироб мезананд. “Мо дар кобинаи вазир зане надорем. Мо мехоҳем як ҳукумати муттаҳидро ташкил кунем, ки аз нисфи вазирони қаблӣ иборат бошад”, -гуфт Муҷоҳид.
Дар посух ба ин суол, ки оё занон метавонанд ба ҳукумати нав ворид шаванд, вай гуфт, ки онҳо метавонанд дар вазоратҳо ё шӯъбаҳои пулис ё додгоҳ ба ҳайси ёрдамчӣ кор кунанд, тибқи қонунҳои Қуръон ва шариат.
Сухангӯи Толибон* ҳамзамон эътироф кард, ки Панҷшер воқеан як мушкил барои онҳост. Ишора карда шуд, ки мушкили асосии сокинони вилояти Панҷшер дар он аст, ки гуфтугӯ бо онҳо кор нахоҳад кард ва афзуд: “Бо мурури замон раванди сулҳе, ки мо умедворем, мураккабтар мешавад. Мо аз ҷангҷӯёни Панҷшер хоҳиш кардем, ки ба ҳукумат таслим шаванд, вагарна онҳо сарнагун хоҳанд шуд”, – гуфт Муҷоҳид.
Ягона вилояте, ки Толибон* натавонистанд онро ишғол кунанд, Панҷшер мебошад, ки дар шимолу шарқи Кобул ҷойгир аст. Неруҳои муқовимати миллии Афғонистон асосан дар Панҷшер бо роҳбарии Аҳмад Масъуд гирд омада бо Толибон мубориза мебаранд. Онҳо хоҳони аз роҳи мусолиматомез ташкили низоме ҳастанд, ки фарогиру ҳамашумул бошад.