Мусаллам аст, ки парандапарварӣ аз соҳаҳои муҳиму заҳматталаби кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, аз ҷумла тухм ва гўшти парҳезӣ, на танҳо дар кишвари мо балки дар ҷаҳон нақши калидӣ дорад. Ин аст, ки соҳаи мазкур дар меҳвари сиёсати аграрии дилхоҳи кишвар қарор дорад. Барои рушди соҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тули 30 соли соҳибистиқлолии кишвар чандин барнома ва лоиҳаҳои рушди соҳа қабул ва амалӣ гардид. Давлатҷон Комилзода – академики академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегўяд, ки давоми 30 соли сипаригардида амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва имтиёзҳои дастрасгардида ба рушди соҳаи парандапарварӣ мусоидат кард.
Мушоҳидаҳо собит карданд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд сол то сол мушкилоти соҳа ҳал гардида, бо истифода аз дастгириҳои андозиву гумрукӣ ва ҳамкориҳои пайвастаи Хукумати Ҷумҳурӣ парандапарварон барои истеҳсоли тухм ва гўшти парҳезии паранда аз ҳама имкониятҳо истифода намуда, бозори истеъмолиро бо маҳсулоти тозаи ватанӣ таъмин мекунанд. Коршиноси соҳа Давлатҷон
Комилзода мегўяд, ки ҳама он дастгириҳо боис гаштанд, ки дар се соли охир истеҳсоли гўшти парандаву тухм аз 3 то ба сеюним баробар афзуд.
Дар идома академики академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Давлатҷон Комилзода иброз медорад, ки бо вуҷуди рушди бесобиқаи соҳаи парандапарварӣ ҳоло низ таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо тухму гўшти парандаи истеҳсоли ватанӣ нисбат ба меъёрҳои қабулгардида зери суол қарор дорад. Айни замон дар кишвар нисбат ба ҳар як шаҳрванд 105 тухм истеҳсол мегардад, ки ин ба меъёр ҷавобгў нест.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар кишвар истеҳсоли гўшти хушсифати парҳезии паранда сол то сол афзоиш ёфта, хоҷагидорон талош доранд, бозори истеъмилии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро бо гўшти парандаи ватанӣ таъмин намоянд. Сабаби аслии ин гуна таваҷҷуҳро ҳамсуҳбати мо дар камхарҷ будани соҳа мебинад. Академик Давлатҷон Комилзода мегўяд, ки барои истеҳсоли маҳсулоти парандапарварӣ назар ба маҳсулоти соҳаи чорводорӣ хўрок, меҳнат ва маводи моддию техникӣ камтар сарф мегардад.
Бо вуҷуди ба ин соҳа фароҳам овардани шароиту имтиёзҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла дастгирии ҳамаҷониба, аз андоз, аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ озод намудани соҳибкорону тоҷирон ҳангоми воридоти технология, таҷҳизот ва маводи дигар, инчунин, роҳандозӣ кардани тадбирҳои дигари ҳавасмандгардонӣ ҳамоно мушкилот боқӣ мемонад. Барои рушди соҳа боз чӣ бояд кард? Дар ин маврид Давлатҷон Комилзода – академики академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро мегўяд, ки барои рушди соҳа мо бояд хўроки парандаро дар минтақаҳо бояд истеҳсол кунем, на аз хориҷа ворид намоем. Мушкилии дигар мушкилии кадрӣ мебошад, бояд дар кишвар масъалаи тайёр кардани мутахассисони соҳавӣ ҳалли худро ёбад. Барои фермерҳо курсҳои бозомўзӣ бояд ташкил намуду технологияи инноватсиониро бо таври васеъ истифода бурд.
Дар ҳама маврид барои рушди минбаъдаи соҳаи парандапарварӣ истифода аз технологияҳои муосир ва ҳамзамон ҳамкории олимон бо парандапарварон бар нафъи кор аст. Ин ду омил аз як тараф боиси афзун кардани саршумор, истеҳсоли босифати тухму гўшти паранда, беҳтаркунии зот, баланд бардоштани маҳсулнокии соҳа гардад, аз тарафи дигар барои кам намудани хароҷоти изофа мусоидат мекунад. Умед аст, ки парандапарварони мамлакат аз таҷрибаи ғанӣ ва дастовардҳои илми муосир истифода намуда, рушди босуботу босуръати соҳаро таъмин месозанд.
Муродулло Раҳимов,
Радиои Тоҷикистон