Салоҳуддин Раббонӣ: “Ҷанги Толибон бар зидди Панҷшер, ҷанги як қавм бо қавми дигар ва як вилоят хоҳад буд”

Салоҳуддин Раббонӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Афғонистон ва раиси Ҳизби ҷамъияти исломӣ, пас комилан берун рафтани неруҳои низомии хориҷӣ дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук навиштааст, ки аз ин пас баҳонае барои ҷанги Толибон намонд.  

Афрод ва гурӯҳҳое, ки ҳузурb неруҳои низомии хориҷии дар Афғонистонро сабаби тадовумb ҷанги худ медонистанд, акнун ҳеҷ далеле барои лашкаркашӣ, таъкид бар роҳҳали низомӣ ва тадовумb ҷанг надоранд.  Дар шароите, ки Таҳрики Толибон бар аксари ҷуғрофиёи кишвар ҳоким шудаанд, бахше аз мардуми Афғонистон дар вилоятb Панҷшер ва манотиқи  дигар мавозеи мухолиф хешро бо шароити сиёсии кунунӣ эълом карданд ва таъкид доранд, ки дар суратb гурез аз гуфтугӯ, адами лиҳози дидгоҳҳоb эшон дар давлат ва иттихози сиёсат аъмолb ифишор аз сӯи Толибон, гузинаи муқовамат ва истодагиро рӯй даст доранд.  Дар чунин вазъият ва фазо бояд масоил аз раҳгузари гуфтугӯҳои ҷомеъ ҳал шавад то ари вақт низом ва сохтори давлат шакл бигирад, ки аз як сӯ посухгӯи ниёзҳои ҷомеа бошад ва аз ҷониб дигар гурӯҳҳои мухталифи мардумӣ ҳузури сиёсии муассири худро дар он бубинанд”- таъид намудааст, Раббонӣ.

Дар идома ин сиёсатмадор аз исрор бар таҳмил ва таъмими хостҳо ва дидгоҳҳои як маҷмӯа ва гурӯҳ, бар кулл ҷомеа ва тадовум  ёдовар шуда, аз Толибон дар маҳалҳо хостааст, ки бар алайҳӣ панҷшериён наҷанганд.  “Мавзӯи қобили тааммули дигар, нақши ҷангҷуёни маҳаллии  Таҳрики Толибон дар Бадахшон, Тахор ва Бағлон дар ҳамалоти эҳтимолиии баъдӣ ба Панҷшер аст. Ин ҳамватанони мо бояд ба ёд дошта бошанд, ки ҳар гуна ифои нақш аз ҷониб Толибони ин манотиқ ҷиҳати юриш низомӣ бар Панҷшер, натанҳо дастовард нахоҳад  дошт, балки сабаби бадномии таърихии онҳо шуда ва маънояш ин хоҳад буд, ки онҳо камар ба вайронии хонаи бародар ва ҳамсоя хеш бастаанд”.

Ин дар ҳолест, ки дар шоми рӯзе, ки охирин аскари амрикоӣ Афғонистонро тарк кард, Толибон ба хилофи созише, ки бояд ба мавзеъҳои Ҷабҳаи муқовимат ҳамла намекарданд, ба Панҷшер аз чанд тараф юриш бурданд. Бино ба манбаъҳои Радиои “Тоҷикистон” аз Панҷшер наздик ба 50 кушта, 40  асир ва беш аз 30 нафар захмӣ шуданд. Аз ҷониби муқовиматгарон бошад 3 нафар ба ҳалокат расидааст.