Сароядаи машҳури паштутабори афғон Ramsha Shafa — Рамшо Шифо, ки дар шаҳри Лос-Анжелес (иёлати Калифорнияи ИМА) ба сар мебарад, 21 август тариқи саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook дар пайи ҳаводиси ахири Афғонистон ба мардуми ин кишвар муроҷиат намуд.
«Дар чунин шароите, ки пеш омадааст, — иброз дошт ӯ, — баъзе аз афғонҳои мо ба ҷуз нафрат, нажодпарастӣ (қавмгароӣ – тавзеҳи АМИТ «Ховар»), дашном дигар коре надоранд. Якеашро мебинӣ санги Дустумро ба сина мезана, дигараш – санги Аҳмад Масъудро. Якеаш Карзайро мехоҳад, дигараш мехоҳад Ғании ватанфурӯш ба ватан баргардад ва ё аз омадани толибон меболад».
Сароянда ба мардуми кишвараш суол медиҳад: «Дақиқан бо кӣ меболед шумо, бо кӣ мехоҳед ифтихор кунед? Ва ҳоло аз байни чанд ваҳшии ватанфурӯш мехоҳед интихоб кунед, ки кадомаш камтар ваҳшигӣ кардааст?!».
Рамшо Шифо аз рафтору фаъолияти ба ном пешвоёни кишвараш дар чанд соли охир изҳори таассуф мекунад: «Афсӯс, сад афсӯс, ки дар таърихи Афғонистон як нафаре пайдо нашуд, ки ишқ ва масъулияти воқеиро дар муқобили хок ва мардуми Афғонистон дошта бошад». Ба андешаи ӯ, «ҳар касе омад, Афғонистонро як пойгоҳи мувақат интихоб кард, зеро онҳо ба худашон итминон надоштанд, зеро медонистанд, ки ба ҷуз дуздию ватанфурӯшӣ коре аз дастаташон намеояд. Барои ҳамин то рӯзе ҳастанд, ҷайбҳои худро пур мекунанд ва ҳар вақте ба сарашон заррае фишор шуд, ватанро дар банди оташ мегузоранд ва фирор мекунанд».
Рамшо Шифо иқрор меварзад, ки дар тамоми таърихи Афғонистон ба як нафар эҳтиром қоил будааст – ба доктор Наҷиб (коммунист, миллаташ паштун, солҳои 1987 – 1992 президенти Афғонистон буд аз дасти толибон ба дор овехта шуд. — Тавзеҳи АМИТ «Ховар»). «Вале, бибинен, ҳамин як доктор, як рӯшанфикр, як марди мутафаккир низ то дами марг истод, вале нагузошт, ки (як) тоҷик ҳукумат кунад. Мунтазир истод, то чанд тан хиштаккашоли {…} биёянд ва ӯ ҳукуматро ба онҳо таслим бикунад, вале нагзошт як тоҷик сари ҳокимият биёяд».
Сароянда пурсон мешавадд: «Чаро? Тоҷик афғон (ба маънии мардуми бумии Афғонистон. – Тавзеҳи АМИТ «Ховар) нест? Тоҷик ба хотири миллат наҷангидааст? Тоҷик шаҳид нашудааст? Дақиқан, чӣ иттифоқ бояд даст бидиҳад, чӣ балое ба сари мо биёяд, то ки мо, афғонҳо бедор шавем ва аз нафрату кинаву нажодпасрастӣ (қавмгароӣ — Тавзеҳи АМИТ «Ховар») даст бардорем?!». Ӯ фикр мекунад аз «ин бадтар намешавад».
Рамшо Шифо, ки ба хотири сароянда буданаш аз сӯи ифротгароёни динии ватанаш борҳо таҳдиду таҳқир шунидааст, мегӯяд: «Шумое, ки маро ба ҳайси афғон қабул надоред, лутфан надошта бошед. Ман ба эътирофи шумо эҳтиёҷ надорам. Шумо худатонро афғон меҳисобед? Пас ғайрат дошта бошед! Буланд шавед (бархезед. – Тавзеҳи АМИТ «Ховар), биравен хоҳарони 12-солаатонро, ки ба никоҳи толиби касиф (андохта) мешаванд, наҷот бидиҳед. Биравен хоҳару зану модаратонро аз зулми толиб наҷот бидиҳед!».
Бино ба суханони Рамшо: «Агар Афғонистон хилофати исломӣ мешавад, пас ӯ дигар марбути ман нест». Ӯ бо дарду алам ва бо киноя мегӯяд: «Онҳое, ки бо ҳунарманд, бо ҳунару ҳуқуқи зан мушкил доранд, уна, биҳиштатон обод шуд, Мулло Бародаратон (ишора ба роҳбари имрӯзаи толибон. – Тавзеҳи АМИТ «Ховар») бирасид аз зиндон. Бирен хушбахт бошен. Вале агар тасмим гирифтаен мардуми бечораву мустаманди кишварро дар ҳамин ҳол нигаҳ дорен, кори баде хоҳад буд…».
Мавриди зикр аст, ки хитобаи видеоии Рамшо Шифо дар Фейсбук дар чанд рӯз беш аз 2,5 ҳазор лойк гирифт ва зиёда аз 1,5 ҳазор корбарони шабакаи иҷтимоӣ онро бознашр намудаанд. Хотиррасон мешавем, ки теъдоди обуначиёни саҳифаи сароянда танҳо дар Фейсбук кайҳо марзи ним миллион нафарро убур намудааст.
Дар чанд рӯзи охир дигар сарояндагони маҳбуби афғон низ аз хориҷи кишвар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мардуми Афғонистон муроҷеъ шуданд.
Аз ҷумла, овохон ва оҳангсози маъруф, сафири сулҳи Сомони Милали Муттаҳид Фарҳоди Дарё (Farhad Darya), ки миллаташ паштун аст ва дар Олмон сукунат дорад, бо ду нома ба роҳбарони Толибон* муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки ба ояндаи кишвараш ва мардуми азиятдидаи он рӯшанӣ андозанд. «Мардумро маҷбур насозед, ки ба ватани худашон нафрат пайдо кунанд!», — гуфтааст ӯ. Аммо посухе ба номаҳояш дарёфт накарда, бо надомат нигоштааст: «Ҷанг суол аст, на посух».
Ғизол Иноят (Ghezaal Enayat) низ, ки асосан дар Канадо, Аврупо ва Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият мекунад, аз вазъи имрӯзаи Афғонистон мутаассир гашта ва гуфтааст сабаби асосии ин бадбахтие, ки ба сари кишвар омадааст, «беиттифоқии ҳамаи мост ва, албатта, тафриқаандозии бегонаҳо».
Сароянда аз сарозер шудани мардум аз болои ҳавопаймоҳо ба хотири талош барои зиндагии беҳтар ва осуда, ёдоварӣ карда гуфтааст, дигар хомӯш буда наметавонад. Ӯ аз ҳамаи ҳунарнмадон ва аз ҷомеаи ҷаҳон даъват кард, ки аксияеро зери унвони «Afgan Lives Matter» роҳандозӣ кунанд.
Хотиррасон мешавем, ки овозхони попсаро ва барандаи шоу-барномаи машҳури «Шаби мусиқӣ»-и телевизиони Афғонистон Ариана Саид, ки то омадани толибон дар Кобул буд, имкон пайдо кард фирор кунад. Ба ӯ муяссар гардид, ки дар қатори 640 нафар тариқи ҳавопаймои баркашони амрикоии С-17 чанд рӯз муқаддам Кобулро тарк намояд.
Манбаъ: “Ховар”