Дар ҳоле, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз нақзи ҳуқуқи инсон ва қатлу бераҳмӣ дар Афғонистон бонги хатар мезананд, Толибон* ҳанӯз ҳам аз амалҳои ғайриинсониву куштори мардуми бегуноҳ даст намекашанд.
Ахиран, дирӯз, пас аз огоҳиву таҳдидҳо барои нарафтан ба Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Кобул аз ҷониби ҷангиёни маргталаб панҷ силсилаи таркишҳо ба амал омад, ки боиси ҳалокати беш аз 100 нафар ва захмии 200 нафар аз мардуми осоишта ва низомиён, аз ҷумла кӯдакон гардида, шаҳри Кобул боз ҳам оғӯштаи хуни мардуми бегуноҳ гардид. Ҳарчанд шумораи дақиқи қурбониён ва маҷрӯҳон дар таркиш дар фурудгоҳи Кобул ҳанӯз пурра маълум нест, вале аз рӯи наворҳое, ки сокинони Кобул паҳн мекунанд, шумораи кушташудагон ва маҷрӯҳон хеле зиёдтар аст.
Тибқи иттилои як қатор расонаҳои амрикоӣ, дар пайи таркиш дар фурудгоҳи Кобул артиши ИМА осеб дидааст. “The Wall Street Journal” аввалин шуда, дар бораи қурбониён бидуни тафсилоти ҳодиса хабар додааст. Яке аз шоҳидони айнӣ, ки дар канори издиҳом буд, гуфт, ки таркиш дар байни ҳазорон нафар рух додааст. “Fox News” шарҳ медиҳад, ки дар натиҷаи таркиш се низомӣ захмӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки чор таркиш дар маҳалли майдони ҳавоӣ ва як таркиши дигар дар соҳаи Пули сӯхта, макони маъруф ба маҳалли муъдодон, воқеъ дар ғарби шаҳри Кобул рух додааст.
Ҳамлаи аввал ба фурудгоҳи Кобулро шохаи “Хуросон” – и гурӯҳи ДИИШ* ба зимма гирифтааст. Ин гуруҳ рӯзи сешанбе тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Афғонистон эълон карда буд, ки ба фурудгоҳи Кобул ҳамла хоҳад бурд. Иддае ҳам бар инанд, ки ин кори худи гуруҳи Толибон* аст, ки ба хотири тарсонидани мардуми ҷамъшуда ва ҳам низомиёни амрикоӣ дар фурудгоҳ роҳандозӣ шудааст. Аммо ҳамла ба мошини ҷангиёни толиб аз сӯи кадом гурӮҳ анҷом шудааст, маълум нест.
Таркиш дар минтақаи меҳмонхонаи “Барон” дар рӯ ба рӯи яке аз гузаргоҳҳои фурудгоҳи Кобул, ки қаблан низомиёни Бритониё дар он ҷо буданд, рух додааст. Вазорати дифои Туркия тавзеҳ медиҳад, ки низомиёни онҳо осеб надидаанд. Сафорати Амрико дар Кобул бошад, аз ҳамватанони худ тақозо мекунад, ки бинобар хатари эҳтимолии ҳамлаи нави террористӣ фавран фурудгоҳи Кобулро тарк кунанд.