Бо ҳамин унвон дар Душанбе ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардида, дар он нақш ва мақоми СҲШ дар низоми нави байналмилалӣ, 20 соли дастовардҳо ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.
Тибқи иттилои радиои «Овози тоҷик» ҳадаф аз баргузории ҳамоиш арзёбии нақш ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъсис, ташаккул ва рушди СҲШ ба ҳисоб рафта, ташаббусҳои Пешвои миллат дар чаҳорчӯби СҲШ, дар мисоли ташаббусҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятиву гуманитарӣ ва ҳамчунин саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар баррасии масъалаи сулҳу субот дар Афғонистон дар доираи СҲШ баррасӣ гардид.
Қайд гардид, ки “Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша тарафдори сулҳу ваҳдат дар ҷомеа буда, барои таъмини амният дар минтақа дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ талош меварзад. Сарвари далат дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами байналмилалӣ дар ҷаҳон нақши босазо дошта, таҷрибаи ӯ дар пешбурди сиёсати хориҷӣ, ҳуқуқ ва равобити байналмилалӣ муҳим арзёбӣ мегардад”.
Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур дар чорчӯби раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, олимон ва коршиносони соҳа доир гардид.