25 август бо ҳавопаймои низомии Русия шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Афғонистон тахлия шудаанд, ба ватан расонида шуданд.
Тавре қаблан ТАСС хабар дода буд, чаҳор ҳавопаймои ҳарбии авиатсияи нақлиётии Вазорати мудофиаи Русия бо шаҳрвандони Русия, кишварҳои узви СААД (Беларус, Қирғизистон, Тоҷикистон), Узбекистон ва Украина аз фурудгоҳи шаҳри Кобул (Афғонистон) парвоз карданд.
Тахлияи беш аз 500 шаҳрванди Федератсияи Русия, кишварҳои узви СААД (Беларус, Қирғизистон, Тоҷикистон), Узбекистон ва Украина бо кумаки сарони ин давлатҳо сурат мегирад.