Тавре қаблан хабар дода будем, 25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
26 август дар сомонаи расмии Қасри Елисей (Маъмурияти Президенти Фаронса) муҳтавои ин суҳбат интишор гардид, ки дар он гуфта мешавад, Президенти Ҷумҳурии Фаронса бо ҳамтои тоҷики хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чоршанбеи 25 август суҳбати телефонӣ анҷом дод. Ӯ Президенти Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии ин кишвар, ки таҷлилаш 9 сентябри соли 2021 дар назар аст, табрик гуфт. Ӯ аз сатҳу сифати муколама миёни Фаронса ва Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда, иродаи хешро ҷиҳати рушду таҳкими бахшҳои нави ҳамкорӣ, хусусан дар масъалаи сарҳадот баён намуд.
Ҳарду роҳбари давлат вобаста ба вазъ дар Афғонистон нигаронии амиқ зоҳир карда, роҷеъ ба ҳолати паноҳандагони афғон ва инчунин пайомадҳои ба сари ҳокимият омадани “Толибон” дар Кобул табодули афкор намуданд. Мусоҳибон оид ба идомаи ҳамкорӣ ба манзури таъмини суботу амнияти минтақавӣ ба тавофуқ расиданд. Президенти Ҷумҳурии Фаронса Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷоми сафар ба Фаронса даъват кард. Ӯ меҳмони олиқадрро 13 октябр ба ҳузур хоҳад пазируфт».