Аҳмад Масъуд: Толибон барои Русия низ хатар доранд!

Роҳбари Ҷабҳаи муқовимат зидди “Толибон” Аҳмад Масъуд изҳори умедворӣ кардааст, ки бо намояндагони расмии Русия гуфтушунид анҷом медиҳад.

Вай дар як мусоҳиба бо хабаргузории РБК илова кардааст, ки Русия аз таъмини амният дар Афғонистон ва вазъи сиёсӣ дар ин ҷо нигарониҳо дорад ва ин кишвар аз лиҳози сиёсӣ мудохила ва ба пешгирӣ аз шиддат ёфтани хушунат кумак хоҳад кард.

“Ин ба манфиати онҳост, зеро агар дар ин ҷо идеологияи ифротӣ ҷорӣ карда шавад, пас он дар тамоми Осиёи Марказӣ ва ҷануби Русия авҷ гирифта, дар умум ифротгароӣ дар ҳоли афзоиш хоҳад буд”, – гуфтааст Аҳмад Масъуд ба РБК.

Хабаргузории Азия-плюс бо такя ба манбаи худ навиштааст, ки ба гуфтаи Аҳмад Масъуд, «пас аз тасарруфи Кобул аз ҷониби “Толибон” чандин гурӯҳ дар саросари ҷаҳон онҳоро табрик кардаву ҳоло ба аъзоёни худ намуна гузоштанд ва ба онҳо мегӯянд, ки онҳо низ метавонанд ба ин кор муваффақ шаванд. Ба ин тариқ, ҳамаи ин омилҳо метавонанд ба авҷи шиддат ва бештар рӯйи кор омадани террористон нав боис гарданд, ки мехоҳанд ба Осиёи Марказӣ биёянд ё дар ҷануби Русия вазъро ноором кунанд. Бовар дорам, ки дахолату кумак ҷиҳати дар ин ҷо ташкил кардани ҳукумати фарогир (инклюзивӣ) ба манфиати онҳост”.

Гуфта мешавад, ки роҳбари Ҷабҳаи муқовимат зидди “Толибон” Аҳмад Масъуд бар он назар аст, ки Маскав метавонад дар баргузории як навъ музокироти мусолиматомез байни онҳо ва “Толибон” кумак карда, онҳоро бовар кунонад, ки ба гуфтушунид ҳозир шаванд. “Ин кор имконпазир буда, чизест, ки ба мо кумак хоҳад кард”, – таъкид доштааст Аҳмади Масъуд.