Нишондод ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои  асосии иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, фаровонии бозори истиеъмолии мамлакат  ва дастархони мардум аз рушди ин соҳха вобастагӣ дорад.   Гузашта аз ин афзоиши мунтазами маҳсулоти кишоварзию ба содирот нигаронидани он баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Баҳодур Назаров-сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги  амнияти  озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон мегуяд, ки кишоварзони мамлакат дар партави дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъи назар аз пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори бемории ҳамагири КОВИД-19 кӯшиш менамоянд, то бозори истеъмолии шаҳру навоҳиро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намоянд. Ин аст, ки имрӯзҳо сокинони кишвар аз маҳсулоти кишоварзӣ танкисӣ намекашанд.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки барои ҳосили соли 2021 кишоварзони ҷумҳурӣ  дар майдони 861 ҳазор зироат кишт намуданд, ки танҳо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи якум ба 12 миллиарду 300 миллион сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 8,1 дарсадро ташкил дод.

Тақвият бахшидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишти такрорӣ дар меҳвари сиёсати аграрии мамлакат қарор дорад. Баҳодур Назаров-сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги  амнияти  озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон мегуяд, ки ба хотири устувор нигоҳ доштани бозори истеъмолӣ тибқи дурнамо соли ҷорӣ кишоварзон дар майдони 186 ҳазор гектар кишти такрорӣ мегузаронанд, ки ин тадбир ҳам барои таъмини бозори истеъмолӣ ва ҳам барои содироти маҳсулот мусоидат мекунад

Имконоту зарфиятҳои содироти маҳсулоти кишоварзии мамлакат нисбат ба дигар мамолики минтақа бештар аст. Коршиносон ба ин назаранд, ки шароити агроиқлимии кишвар ба мо имкон медиҳад, ки дар баробари таъмини бозори истеъмолии мамлакат боз садҳо ҳазор маҳсулотро ба хориҷа содир намоем. Биноба иттилои нашркардаи сомонаи радиои «Овози тоҷик» директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти матбуотӣ иброз доштааст, ки дар нимсолаи аввали соли 2021  аз рӯйи ҳаҷм содироти маҳсулоти кишоварзӣ 106,4 ҳазор тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4 ҳазор тонна ё  9,7 фоиз зиёд мебошад. Мавсуф зикр намуд, ки дар ин давра ҳаҷми умумии содироти сабзавот 84,7 ҳазор тонна, меваи хушк 11,9 ҳазор тонна, меваҷот 7,7 ҳазор тонна ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 2,2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки баробари амалишавии барномаҳои давлатӣ дар самти  рӯшди соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ рӯз аз рӯз афзун ва қисман содирот мегарданд. Содирот намудани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ  ҷумҳурии моро лар минтақа ва ҷаҳон ҳамчун кишвари амну осоишта муаррифӣ мекунад. Гузашта аз ин маблағи воридгардида барои таҳким бахшидани рӯзгори босафои марди деҳқон мусоидат мекунад.

                                          Муродулло Раҳимов,

Радиои Тоҷикистон