Аз рӯйи натиҷаҳои таҳқиқот портали Axios тақрибан 3% шахсони эмкардашуда дар беморхона бистарӣ шуданд, 0,5% дар шуъбаи бемориҳои шиддатнок буданд ва 0,2% ба нафасдиҳии сунъӣ ниёз доштанд. Аз миёни эм нагирифтагон тақрибан 8% дар беморхона бистарӣ шуданд, 1,5% дар шуъбаи эҳё ва 0,5% ба дастгоҳи ҳаводиҳии шуш пайваст буданд.
Дар ин бора “Ховар” бо такя ба манобеи худ мегӯяд, ки 25 фоизи ҳама сироятҳо дар Лос -Анҷелес, ки аз 1 май то 25 июл сабт шудаанд, ба одамони эмшуда рост меоянд. 71 фисади дигари мубталоён эм нагирифтаанд ва 3 фоиз барои анҷом додани даври пурраи эмгирӣ вақт надоштанд. Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, онҳое, ки эм нагирифтаанд, назар ба онҳое, ки эм гирифтаанд, панҷ маротиба бештар гирифтори коронавирус мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, қаблан як назарсанҷӣ нишон дод, ки амрикоиҳои эмнашуда аксаран на худашон, балки ҳамватанони эмшударо дар паҳн кардани гунаи «делта» -и коронавирус айбдор мекунанд.
Хотирасон мекунем, ки то 23 август 1 миллиону 891 ҳазору 850 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди COVID-19 эм карда шудаанд. То имрӯз беш аз 363 895 шаҳрванди кишвар вояи дуввуми ваксина гирифтаанд.