Қурейшӣ: Тоҷикистон нигарониҳои худро оид ба вазъи кунунии Афғонистон пешниҳод намуд

Пас аз анҷоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва таъмини амнияти минтақавӣ баррасӣ гардида, ҷониби Покистон мавқеи худро дар ин масъала  баён намуд.

Тавре “Ховар” хабар медиҳад, ба гуфти Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ, “вазияти имрӯзаи тағйирёбандаи Афғонистон дар оянда метавонад пеш аз ҳама ба кишварҳои ҳамҷавори бевоситаи Афғонистон таъсири бузург  расонад. Дар баробари ин мо метавонем аз ин вазъият имконияти дигарро низ  ба назар гирем.

Сулҳу субот дар Афғонистон барои таъмини амнияти минтақа метавонанд кумак расонанд. Имрӯз мақсади асосӣ он аст, ки тамоми ҷонибҳои манфиатдор дар якҷоягӣ бояд ояндаи Афғонистонро баррасӣ намоянд».

Инчунин, таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Исломии Покистон тарафдори таъсиси Ҳукумати фарогири инклюзивӣ дар Афғонистон мебошад, ки дар он намояндагони тамоми қавмҳо метавонанд ба таври фаъол иштирок намоянд.

Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ таъкид намуд, ки сафари ӯ ба Душанбе бо дастури хоссаи Сарвазири Покистон Имрон Хон сурат мегирад. Ӯ зикр кард, ки  Сарвазири Покистон Имрон Хон нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми хосса зоҳир мекунад.

«Барои ҳамин ман ба Душанбе ба он мақсад омадам, ки  фикру ақидаи ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маслиҳати  муҳтарам Ҷаноби Олиро вобаста ба масъалҳои мазкур пайдо намоям.

Ҷониби Тоҷикистон нигарониҳои худро оид ба вазъи кунунии Афғонистон ба мо пешниҳод намуд, ки онҳоро ба Сарвазири Покистон мерасонем», — гуфт Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ.