Баробари фаро расидани равзанаи гузариши футболбозон дар кишварҳои Аврупо дастаҳои пурқудрат талош доранд, ки маъруфтарин ва беҳтарин бозингарони сайёраро ба ҳайаташон ҷалб созанд.
Яке аз дастаҳое, ки барои хариди бозингарон дар ин мавсим зиёд талош дорад, ин тими “ПСЖ”-и Фаронса мебошад. То кунун ин даста дар равзани гузариши футболбозон Ашраф Ҳакимиро аз дастаи “Интер” бо мабалағи 60 миллион евро ва Данило Парериаро аз дастаи “Порту”-и Партугалия бо мабалағи 16 миллион евро харидори кард Бо вуҷуди ин, дарвозабони дастаи “Милан” Ҷанлуиҷ Данарумаро ҳамчун футболбози озод бо маоши 13 миллион евро дар як сол маош хоҳад дод. Инчунин, роҳбарияти дастаи “ПСЖ” Серхио Рамос ва Жоржинио Веналдумро бо 13 миллион евро ва ба дигаре 10 миллион евро маоши солона ба дастааш даъват намуда, Халифа Носири бо ҳамаи ин қонеъ нагардида, яке аз беҳтарин футболбозони сайёра Леонел Мессиро, ки баъди анҷоми шартномааш бо дастаи “Барселона” бо маоши солона 35 миллион евро ба дастааш ҷалб кард.
Коршиносони соҳаи футбол ҳадаф ва мақсади роҳбарияти дастаи “ПСЖ”-ро бар он медонанд, ки ин даста мехоҳад дар маъруфтарин мусобиқаи қораи Аврупо Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо пирӯз гардад. Субҳи имрӯз расонаҳои варзишии Фаронса иттилое нашр карданд, ки ба дастаи “ПСЖ” омадани Криштиан Роналду аз тими “Ювентус” дар назар аст. Ин иттилоъро онҳо аз қавли бародари молики дастаи “ПСЖ” Халифа Носирӣ нашр карданд. Халифа Носирӣ дар саҳифаи инстаграмаш расми Меси бо Роналду нашр карда дар поёни расм навиштааст, “ҳама чиз мумкин”. То куҷо ин хабар воқеият дорад?
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои варзишии Русия иттилое пешниҳод карданд, ки ҳамлагари бошгоҳи “Ювентус” Криштиан Роналду бо маблағи 25 ё 30 миллион евро ба тими “Манчестер Сити” хоҳад гузашт. Аммо гуфта мешавад, ки роҳбарияти дастаи “Манчестер Сити” гуфтаанд, ки дар ҳолати гузариши Роналду онҳо бояд Раҳим Стерлингро ба ягон дастаи дигар фурушанд. Баъдан хабар дода шуд, ки дастаи “Манчетер Сити” аз харидори Криштиан Роналду даст хоҳад каишд.
Ҳамчунин, хабаргузории Goal.com. иттилоъ нашр кард, ки бошгоҳи “Реал Мадрид” барои гузариши Клиан Мбаппе ба дастаи “ПСЖ” 160 миллион евро пешниҳод кардааст, аммо роҳбарияти дастаи “ПСЖ” бо ин мабалағи гузариши бозингарашон рози нашудаанд. Дар ҳамин баробар расонаи варзишии GFFN иттилоъ додааст, ки роҳбарияти дастаи “ПСЖ” бо директори генералии тими “Бавария”-и Олмон дар мавриди гузариши ҳамлагари дастаи олмонӣ Роберт Ливандовский гуфтушунид кардаанд. Хабаргузории мазкур навиштааст, ки агар гуфтушунидҳои роҳбарияти дастаҳои “Реал Мадрид” бо “ПСЖ” “пазад” Килиан Мбаппе тимашро тарк мекунаду клуб Роберт Ливандовскийро харидори хоҳад кард.
Ба ҳар ҳол, мунтазир хоҳем шуд, ки ин ҳангома ба воқеият табдил меёбад ё не. То охири равзанаи гузариши футболбозон мунтазаир хоҳем шуд, ки Роналду ба кадом даста хоҳад гузашт.
Ғоибов С.,
Радиои Тоҷикистон